Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 22.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Минск бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко мулоқот намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот роҳбарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Беларусро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ намуданд.
Аз ҷараёни мусбати муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Беларус, рушди устувори шарикии стратегии ду давлат дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангию башардӯстона ва дигар соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуда, ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байнидавлатӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок дар муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардид.
Дар ин зимн Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории худро аз фаъол гардонидани кор дар самти афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Беларус тавассути ташкили робитаҳои нави кооператсионӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштараки барои тарафҳо судманд изҳор намуданд.
Ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баҳои мусбат дода шуда, беҳтаршавии фаъолияти Шурои кории Тоҷикистон ва Беларус таъкид гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти таъсиси гурӯҳи муштараки кориро доир ба рушди ҳамкорӣ дар бахши сармоягузорӣ, ки ҷаласаи якуми он моҳи феврали соли равон баргузор гардид, таъкид намуданд.
Ҷонибҳо аҳамияти рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи илму маорифро махсус таъкид намуданд.
Доир ба андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати ғанӣ гардонидани муносибатҳои ҳамкории ду давлат бо мӯҳтавои нави амалӣ изҳори омодагӣ карда шуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин оид ба мушкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар анҷом доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






