Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар шаҳри Боку бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев мулоқот доир намуданд.
Пешвои миллат, аз ҷумла таъкид намуданд, ки мо ба муносибатҳои боэътимоди байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар ҳамаи самтҳо баҳои баланд медиҳем.
Таъкид карда шуд, ки соли равон сарфи назар аз тамоюлоти буҳронӣ дар низоми равобити байналмилалӣ барои муносибатҳои дуҷонибаи мо хеле бобарор буд.
Роҳбари давлат тазаккур доданд, ки яке аз падидаҳои муҳимми он – сафари давлатии муҳтарам Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Дар натиҷаи ташрифи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба давлати мо ҷонибҳо бастаи муҳимми санадҳои байниҳукумативу байнисоҳавиро ба имзо расониданд, ки муносибатҳои дуҷонибаро бо муҳтавои сифатан нав ғанӣ гардонид.
Дар ин замина, таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи чорабиниҳо оид ба татбиқи амалии тавофуқномаҳои бадастомадаро қабул намуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳалталаби минтақавию байналмилалӣ низ мавриди гуфтушунид қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон хоҳони ба минтақаи амну шукуфо табдил ёфтани Қафқози Ҷанубӣ мебошад.
Дар интиҳои суҳбат Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои худ муҳтарам Илҳом Алиевро барои бомуваффақона гузаронидани Саммити Барномаи махсуси СММ оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) арзи сипос намуда, ба саҳми босазои Озарбойҷони дӯст дар пешбурди Барномаи мазкур баҳои баланд доданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд






