Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таълимии давлатии «Литсейи рақами 1»-ро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 14.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагиҳо ба таҷлили шоистаи ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳоти Хистеварз Муассисаи таълимии давлатии “Литсейи рақами 1”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаи шакли нав, ки дар доираи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон бо фармоиши Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд шудааст, барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, аз лиҳози меъморию сохтмонӣ ва фарогирии шумораи зиёди муҳассилин ба таълиму тарбия дар ҳудуди вилояти Суғд назир надорад.
Бунёди бинои муҳташами чорошёнаи Литсейи №1 дар Хистеварз, ки аз калонтарин деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб рафта, қариб 60 ҳазор аҳолӣ дорад, аз ҷумлаи тадбирҳои вобаста ба татбиқи ҳамаҷонибаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” маҳсуб мешавад. Дар ин муассисаи шакли нав равияи таълим асосан тариқи омӯзиши илмҳои табииву риёзӣ ба амалӣ мешавад. Ин усули муосири илмомӯзӣ ба сайқал додани тафаккури техникии хонандагон мусоидат мекунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имконияту шароити илмомӯзӣ дар иншооти тозабунёд ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҳайати омӯзгоронро ҷиҳати талоши бештар ба харҷ додан ба сифати таълиму тарбия ва таҳкими ғояҳои худшиносиву худогоҳии насли наврасу ҷавон ҳидоят намуданд.
Дар ин боргоҳи маърифат таълиму тарбияи хонандагон мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, тариқи озмун зиёда аз 80 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд.
Бинои асосии Литсейи №1 дорои 48 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, озмоишгоҳҳои замонавӣ ва ҳуҷраҳои кории омӯзгорон мебошад.
Дар ин муассисаи нави таълимӣ ҳамаи синфхона ва озмоишгоҳҳо бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои муосири илмомӯзӣ, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо муҷаҳҳаз шуда, дар ин баробар ҷиҳати ҷалби густурдаи духтарону писарон ба касбомӯзӣ марказҳои ҳунаромӯзиву маҳфилҳои эҷодӣ ташкил шудаанд.
Литсей ҳамчунин дорои синфхонаи омодагии дифои ҳарбӣ, синфхонаи алоҳидаи омӯзиши шоҳмот, бунгоҳи тиббӣ, китобхона бо толори хониш, ошхонаи замонавӣ барои 200 нафар, толори зебои маҷлис бо 300 ҷойи нишаст ва толори васею барҳавои варзишӣ мебошад.
Толори варзишӣ, ки барои машқу тамрини намудҳои гуногун пешбинӣ шудааст, пеш аз ҳама, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим байни хонандагон ва омода намудани варзишгарони оянда нақши асосӣ хоҳад дошт.
Ҳамзамон барои гузаронидани дарсҳои амалии омодагии дифои ҳарбӣ дар ҳудуди муассиса майдончаи замонавӣ сохта шудааст.
Тамоми биноҳои таълимгоҳ бо маркази гармидиҳии худмухтор, ки дар ҳудуди муассиса сохта шудааст, пайваст буда, гармии синфхонаҳо ва дигар иншооти муассиса дар айёми сардиҳо пурра таъмин мешавад.
Саҳн ва атрофи иншоот сабзкорӣ шуда, бо гулу буттаҳои мавсимии ороишӣ зиннат ёфтааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда аз хонандагони ин муассисаи таълимӣ даъват ба амал оварданд, ки дар замони пешрафту дигаргуниҳои куллӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла рушди бесобиқаи илму техника пайваста пайи омӯзиш бошанд ва дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос дар ободию тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.









Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Дар Бадахшон 55 муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии Чин дар шаҳри Чонгчин Юан Ҷияҷюн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чонгчини Чин аз корхонаи саноатии «Зонгшен» боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба шаҳри Чонгчини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин
Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Пекин
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин сарфароз гардонида шуданд






