РӮ БА РУШД. Тоҷикистон тавассути бандари «Чобаҳор»-и Эрон имкони ба уқёнуси ҷаҳонӣ баромаданро пайдо менамояд
ДУШАНБЕ, 13.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯи натиҷаҳои музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Иброҳим Раисӣ 8 ноябр дар Душанбе Ёддошти тафоҳум дар бораи амалӣ намудани боркашонии байналмилалӣ ва транзит тавассути бандари эронии «Чобаҳор» ба имзо расид. Ҳуҷҷатро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ба имзо расониданд. Дар мавриди чигунагии ин ҳуҷҷат ва манфиати он ба Тоҷикистон дар Вазорати нақлиёт ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Тибқи ҳуҷҷат, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз ҷумла тадбирҳои зерин андешида шаванд:
1) сода ва ҳамоҳангсозии маросими имзои ҳуҷҷатҳо барои баланд бардоштани таъсирнокӣ ва самарабахшии хатсайрҳои нақлиётӣ, ки аз бандари «Чобаҳор» аз ҷиҳати вақт ва хароҷоти транзитӣ мегузаранд, инчунин коҳиши мутақобилаи боҷҳо ва пардохтҳо барои нақлиёти автомобилӣ;
2) ҷалби борҳои дигар давлатҳо ба хатсайрҳое, ки бандари «Чобаҳор»-ро бо мақсади осон гардонидани дастрасӣ ба бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ тавассути нақлиёти баҳрӣ, роҳи оҳан ва автомобилӣ убур менамоянд;
3) ҳамкорӣ оид ба сармоягузории мутақобила дар пешбурди лоиҳаҳои инфрасохтори нақлиётӣ дар хатсайрҳое, ки бандари «Чобаҳор»-ро убур менамоянд;
4) таъмини бехатарии интиқоли мусофирон, ҳаракати воситаҳои нақлиёт, нигоҳдории бор ва ҳифзи муҳити зист тибқи меъёрҳои байналмилалӣ;
Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои Ёддошт ҷонибҳо Кумитаи роҳбарикунанда таъсис медиҳанд, ки аз аъзои дастраси расмӣ иборат буда, барои ҳамоҳангсозӣ ва назорати чорабиниҳо оид ба таъмин ва дастгирии тамоми захираҳои дастурӣ, инсонӣ ва моддию техникӣ масъул мебошанд. Мониторинг ва тадқиқоти доимӣ дар соҳаҳои дахлдори татбиқи Ёддошт ва шарҳи муқаррароти он барои пешбурди имконоти мутақобила гузаронида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки «Чобаҳор» бузургтарин бандар аст, ки дар ҷанубу шарқи вилояти (устони) Сиистон ва Балуҷистони Эрон дар соҳили Халиҷи Усмон ҷойгир мебошад.
Дар айни замон дар Осиё 16 давлат ба уқёнуси Ҳинд роҳи баромад доранд, аз ҷумла: Ҳиндустон, Бангладеш, Исроил, Яман, Урдун, Эрон, Ироқ, Қатар, Кувайт, Мянма, Малайзия, Уммон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Покистон, Таиланд ва Арабистони Саудӣ.
Тоҷикистон низ имконият дорад, ки ба ин давлатҳо ҳамроҳ шавад, яъне, тавассути бандари «Чобаҳор» ва гузаргоҳи байналмилалии мултимодалии «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон — Туркманистон – Эрон – Туркия ва Аврупо» ба уқёнуси Ҳинд барояд.
Қобили тазаккур аст, ки дастрасӣ ба баҳрҳо (уқёнусҳо) яке аз омилҳои муҳимтарине аст, ки ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар давлат таъсир мерасонад. Ҳоло ба давлатҳои пешрафта давлатҳои Аврупои Ғарбӣ, ИМА, Канада, Исроил, мамлакатҳои Осиё- Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, Австралия ва Зеландияи Нав дохил мешаванд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон/АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






