Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Ҳисор бо роҳпаймоӣ ва маҷлиси тантанавӣ таҷлил намуданд
ҲИСОР, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Бо Пешвои миллатем» бо иштироки ду насл роҳпаймоӣ ва чорабинии пуршукуҳи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Дар ин роҳпаймоии бузург пиру барнои шаҳр, аз ҷумла намояндагони касбу кори гуногун, собиқадорони ҷангу меҳнат, аҳли зиё, ҷавонону наврасон Парчами давлатӣ, аксҳои Президенти Тоҷикистон, қаҳрамонони Тоҷикистон ва шиорҳои таҷассумгари садоқат ба Президент ва муҳаббат ба Ватани азизу маҳбуб дар даст, бо шукргузорӣ аз фазои орому осоишта ва ифтихору дӯстдории Ватан дар кӯчаҳои марказии Исмоили Сомонӣ, Файзулло Абдуллоев ва Тоҷиддин Муҳиддинов роҳпаймоии идона доир намуда, эҳтирому самимияти худро нисбат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муқаддасоти миллӣ ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.
Дар идома маҷлиси тантанавии пуршукуҳ баргузор гардид, ки дар он аз Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои халқи тоҷику тоҷикистониён тақдирсоз ва дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат гардиши муҳиме ба бор овард, ёдовар шуданд.


Гуфта шуд, ки маҳз бо пайки баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 роҳи минбаъдаи давлатдорӣ, муҳимтар аз ҳама, барқарор намудани сулҳу субот дар мамлакат муайян шуда, ба бахти миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд. Суханҳои нахустини ин марди хирад ба дидаҳои ноумеду қалбҳои ғамноки яхбастаи сокинони мамлакат нуру зиё ва гармию эътимод бахшид.
Ҳама кӯшишу ғайрат, азму талоши Пешвои муаззами миллат ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгору осудаи мардум равона гардида, ба халқи тоҷик ҳамвора руҳу илҳом бахшид, барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмуъ баланд шудани сатҳи рӯзгору некӯаҳволии мардум мусоидат намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор










РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






