Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷаласаи Шуро таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи байнипарлумонӣ, Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко доир гардида, дар кори он ҳамчунин роҳбарони ҳайатҳои парлумонии Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбекистон ва Туркманистон иштирок намуданд.


Тибқи рӯзнома, аъзои Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ масъалаҳоро дар хусуси Раиси Шуро, оид ба натиҷаҳои раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар бораи такмилдиҳии танзими ҳуқуқии фаъолияти контртеррорӣ ва зиддиэкстремистӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, доир ба баланд бардоштани устувории низоми тандурустӣ ҷиҳати ноил шудан ба Фарогирии умумӣ бо хизматрасонии тандурустӣ, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти Иттиҳодро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бо натиҷагирӣ аз кори ҷаласаи Шуро қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид






