Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд

Ноябрь 16, 2023 19:24

ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷаласаи Шуро таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи байнипарлумонӣ, Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко доир гардида, дар кори он ҳамчунин роҳбарони ҳайатҳои парлумонии Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбекистон ва Туркманистон иштирок намуданд.


Тибқи рӯзнома, аъзои Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ масъалаҳоро дар хусуси Раиси Шуро, оид ба натиҷаҳои раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар бораи такмилдиҳии танзими ҳуқуқии фаъолияти контртеррорӣ ва зиддиэкстремистӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, доир ба баланд бардоштани  устувории низоми тандурустӣ ҷиҳати ноил шудан ба Фарогирии умумӣ бо хизматрасонии тандурустӣ, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти Иттиҳодро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бо натиҷагирӣ аз кори ҷаласаи Шуро қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2023 19:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 24-уми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд
Дар Танзания вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД доир шуд