«САЛОМ ҲАМВАТАН — РӮЗИ ПАРЧАМ МУБОРАК!». Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аксияи тақсимоти парчамро бо усули «Хона ба хона» баргузор намуд
ДУШАНБЕ, 24.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи парчами давлатӣ дар шаҳри Душанбе аксияи тақсимоти парчам бо усули «Хона ба хона» таҳти унвони «Салом ҳамватан — Рӯзи Парчам муборак!» доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иқдом бо ҷалби васеи волонтёрони Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» баргузор гардида, зимни он волонтёрони Кумита беш аз 1400 адад парчамҳои хурдро ба хонаводаҳои сокинони шаҳри Душанбе тақсим намуданд.
Мақсад аз баргузории ин иқдоми ватандӯстона, пеш аз ҳама, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ ва пос доштани рамзҳои муқаддаси миллӣ мебошад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






