Шарҳи матбуоти даврӣ аз АМИТ «Ховар»

Ноябрь 2, 2023 15:29

ДУШАНБЕ, 02.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Давраи комилан нав ва аз лиҳози сохтор ва услуби кор ба таври ҷиддӣ фарқкунандаи фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мо маҳз дар замони истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғоз гардид ва матбуот вобаста ба воқеияти замон такомулу ташаккул ёфт».

Эмомалӣ Раҳмон, март 2012

Нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Народная газета», «Халқ овози» ва дигар воситаҳои чопии ахбори омма сафарҳои кории Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ, ки 25-26 октябр баргузор гардиданд, ҳамчунин бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ ёфтани 7 корхонаи бузурги истеҳсолӣ дар шаҳри Душанберо дар шакли гузоришҳои муфассал инъикос намудаанд.

АМИТ «Ховар» дар шарҳи матбуотии ҳафтаи гузашта навишта буд, ки ҳар сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама шаҳру ноҳияҳо ва минтақаву вилоятҳо самараи накӯ дар пай дорад. Зеро, зимни ин сафарҳои корӣ даҳҳо иншооти нави таъйиноти гуногун ба истифода супорида мешаванд, роҳҳо тахту ҳамвор, кӯчаҳо чароғон мегарданд, корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ ифтитоҳ меёбанд, дар натиҷа сатҳу сифати зиндагӣ боз ҳам беҳтар мегардад, руҳияи созандагиву ободкорӣ саросари мамлакатро фаро мегирад. Метавон гуфт, ки сафарҳои кории Пешвои миллат ва иштирок дар ифтитоҳи корхонаву муассисаҳо давоми мантиқии сиёсати бунёдкорона ва созандаи роҳбарияти олии мамлакат мебошад.

Дар ҷараёни сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат 25 октябр бинои нави таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат, бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 95, бинои нави шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои Ваҳдат мавриди истифода қарор дода шуданд. Ҳамчунин Президенти мамлакат бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, аз ҷумла кишти тирамоҳӣ ва нашъунамои сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонии «Лола», «Манзура» ва «Қодир» шинос шуданд. Дар баробари ба истифода додани иншооти нав, аз ҷумла заводи истеҳсоли хишт дар шаҳри Ваҳдат ҳамчунин ба Сарвари давлат лоиҳаи сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунаромӯзӣ, сохтмони бинои Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Ваҳдат муарифӣ шуданд.

Дар идомаи сафарҳои кории бунёдкорона дар деҳаи Сароби деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи парандапарварии «Ҳилол», корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Сарҷамъ» ифтитоҳ ва дар шаҳраки Сомониён бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ Боғи фарҳангию фароғатӣ (баъди таҷдиду навсозӣ) мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ шудани лоиҳаҳои шаҳракҳои Сомониён, Мирзо Турсунзода, Навобод, деҳоти Роҳатӣ ва Чортеппа аз муассиртарин барномаи сафари корӣ буд, ки аз ҷониби сокинони деҳот ва ин шаҳракҳои ноҳияи Рӯдакӣ бо қаноатмандӣ ва хушҳолӣ пазируфта шуд. Зеро бо амалӣ шудани лоиҳаҳои муаррифишуда симои ноҳияи Рӯдакӣ ба куллӣ ва ба таври шинохтанашаванда тағйир меёбад. Тибқи нақшаи генералӣ, дар шаҳраки Сомониён биноҳои истиқоматии баландошёнаи муосир, 4 муассисаи таълимии ҳар кадом барои 3200 хонанда дар ду баст, 8 кӯдакистон барои 400 кӯдак, варзишгоҳ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст, биноҳои маъмурӣ, бинои ёрии таъҷилӣ, беморхона барои касалиҳои дил, мактаби мусиқӣ, меҳмонхонаҳо, майдонча ва толорҳои варзиш бунёд мешаванд. Роҳҳо васеъ гардида, гулгаштҳои нав бунёд, бозори «Ганҷ» ва Қасри фарҳанг таҷдиду навсозӣ мешаванд. Ҳамаи биноҳои нави истиқомативу маъмурӣ ва хизматрасонӣ аз 5 то 7 ва аз 9 то 12 ошёна сохта мешаванд.

Дар баробари навсозии шаҳраки мавҷуда ҳамчунин дар масоҳати 10 гектар бунёди шаҳраки нав дар назар аст. Шаҳрак барои 3420 нафар пешбинӣ шуда, аз биноҳои маъмурии ҷамоати шаҳрак, 60 бинои баландошёнаи истиқоматии 12-18-ошёна, муассисаи таълимӣ барои 2400 хонанда дар як баст, кӯдакистон бо 480 ҷой, коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук, обанбор бо ғунҷоиши 1500 метри мукааб, бинои гармидиҳӣ, майдончаи варзиш ва майдонча барои бозии кӯдакон, гулгаштҳо иборат мебошад.

Бо назардошти талаботи замони муосир, маркази маъмурии шаҳраки Навобод ва деҳоти Роҳатию Чортеппа ҳам таҷдид мешавад. Лоиҳаи муфассали банақшагирии маркази маъмурии ин ҷамоатҳо фарогири биноҳои истиқоматии 5-7-ошёна, боғчаҳои бачагона барои 200 кӯдак, майдони рамзҳои давлатӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 хонанда дар як баст, биноҳои маъмурӣ, маркази саломатӣ ва иншооти хизматрасонӣ мебошад ва барои аз 1200 то 1400 нафар аҳолӣ пешбинӣ шудаанд.

Албатта, дар амал татбиқ шудани ин лоиҳаҳо боиси рушди бомайлони иқтисоду иҷтимоиёт, фарҳангу маданият дар ҳама сатҳҳо  мегардад.

Дар саҳифаҳои матбуот ҳамчунин аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ шудани Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе» (баъд аз навсозӣ), корхонаи истеҳсоли макарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шаҳри зебои мо», корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқии «Имод»-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж», корхонаи равғанбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзу баракат», корхонаи нави истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фабрикаи қаннодии Амирӣ», марҳилаи дуюми корхонаи қолинбофии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Душанбе», корхонаи нассоҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис», дар умум 7 корхонаи калони саноатӣ бо беш аз 4000 ҷойи кор инъикос шудааст.

Дар саҳифаҳои нашрияи парлумонии «Садои мардум» дар робита ба фаъолияти вакилон ва аъзои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ҷараёни иҷрои қонунҳо, дар саҳифаҳои нашрияи маркази Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ»  оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизб дар корхонаву муасисаҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин дигар мавзуъҳои муҳими рӯз мақолаву гузориш ва хабару мусоҳибаҳо дарҷ шудаанд.

 А. САНГЗОДА,
АМИТ«Ховар»

Ноябрь 2, 2023 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Ҷумҳурии Арабии Миср дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги пурғановати тоҷикон шинос гардид
Дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии Бохтар ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол гардид
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок доранд
Дар бозорҳои шаҳри Хоруғ бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтор санҷиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар машғулияти такмили ихтисос барои муҳандисони заминсоз ҷамъбаст шуд
Дар Панҷакент ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Муъминобод бахшида ба 100-солагии Соҳиб Табаров конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятӣ баргузор гардид
Шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» бо аккумуляторҳои пуриқтидор муҷаҳҳаз мегардад