Соли 2023 ҷудочиёни тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалию ҷаҳонӣ 41 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 22.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли 2023 ҷудочиёни тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалию ҷаҳонӣ 41 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба соли гузашта 27 адад зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
Аз ҷумла, давоми соли равон ҷудокорони тоҷик байни калонсолон, ҷавонон, наврасон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 11 медали тилло, 11 нуқра ва 19 биринҷӣ ба даст оварданд. Ин самараи фаъолияти Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир мебошад, ки аз рӯзи Президенти ин федератсия интихоб гардидани ӯ як сол сипарӣ гардид.
Давоми 12 моҳ метавон такони ҷиддиеро дар пешрафти ҷудои тоҷик мушоҳида намуд.
Дар ин давра бори аввал Тоҷикистон мизбони мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалӣ — Гран При Душанбе гардид, ки дар он намояндагони 40 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

Шукуҳу шаҳомати ин мусобиқаро меҳмонон ба чорабинии бузурги ҷаҳонӣ шабеҳ доданд ва ҷаҳониён бори дигар Тоҷикистонро ҳамчун давлати варзишдӯстдор, паҳлавонпарвар ва меҳмоннавоз шинохтанд.
Ҳамзамон барои баланд бардоштани малакаю маҳорати варзишгарон аз ҷониби роҳбарияти федератсия пайваста машқҳои дастҷамъона ташкил шуданд. Аз ҷумла, 8 маротиба тамринҳои дастҷамъии байналмилалӣ, 4 бор ҷумҳуриявӣ ва 3 маротиба минтақавӣ доир шуданд, ки натиҷаи онҳоро метавон дар дастовардҳои ҷудочиёни тоҷик дид.
Инчунин барои боз ҳам рушду нумуъ ёфтани ҷудо дар мамлакат нақшаи чорабиниҳо тарҳрезӣ гардида, баҳри амалӣ намудани онҳо мутахассисони хориҷию дохилӣ ҷалб гардидаанд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон









Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид






