ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, шанбе, 329-умин рӯзи соли 2023 аст

Ноябрь 25, 2023 08:00

Соли 1918 Розике Швиммер аввалин зане шуд, ки дар таърихи дипломатияи ҷаҳонӣ сафир интихоб гардид.

***

25 ноябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар   ҳамоиши сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар бӯстонсароии шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, суханронӣ намуданд.

***

25 ноябри соли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»-ро муҳокима намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» ба имзо расиданд.

 ***

25 ноябри соли 2014 Президенти Чехия Милош Земан бо сафари расмии серӯза ба Душанбе омад.

***

25 ноябри соли 2019 таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Конфренсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай доир гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳонашон  ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти  миллӣ дар пояи Оромгоҳи «Сарбози номаълум» дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия гулчанбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотири шаҳидони ҷангро пос доштанд.

***

25 ноябри соли 2021 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

25  ноябри соли 2022  дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба сисолагии барқарории муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамоиш доир гардид.

25 НОЯБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

 Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат бар зидди занон.

***

Дар Ҷумҳурии Суринам- Рӯзи истиқлол.

Ноябрь 25, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш