Таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 21.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таъмини иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа аъзои Шуро – намояндагони раёсатҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорату идораҳои марбута, намояндагони шарикони рушд, инчунин аъзои котиботи Шуро иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа муовини раиси Шуро – Директори Агентии назорати маводи нашъаовар Ҳабибулло Воҳидзода доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бандҳои қарори Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор ибрози назар намуд.
Дар идома вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа маълумоти Директори Агентии назорати маводи нашъаовар, муовинони раисони вилоятҳои Хатлону Суғд ва намояндагони масъули шарикони рушд доир ба таъмини иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 шунида шуд.
Пас аз муҳокимаи ин масъалаҳо роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ бо шарикони рушд вобаста ба татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 пайваста тадбирҳои иловагии судманд андешанд.
Қобили тазаккур аст, ки Стратегия фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилоти ҷамъиятиро дар самти мубориза ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, назорати муомилоти қонунии онҳо, пешгирии нашъамандӣ ва табобату офиятбахшии беморони нашъаманд ҳамоҳанг месозад.
Дар фарҷоми ҷаласа нақшаи фаъолияти Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор дар соли 2024 тасдиқ шуда, аъзои Шуро ва вазорату идораҳои дахлдор муваззаф гардиданд, ки иҷрои онро сари вақт таъмин намоянд.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






