ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини якуми Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар ин мавзуъ
ДУШАНБЕ, 11.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи олам ҳамчун роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ оид ба обу иқлим эътироф гардидаанд. Дар ибтидои асри XXI Пешвои тоҷикон яке аз аввалин роҳбароне мебошанд, ки ба баррасӣ ва ҳалли мушкилоти мамлакати худ ва ҳамчунин, инкишофи роҳи дурусти ташаккул барои ояндаи башарият таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд, ки дар арсаи ҷаҳон роҳбарони кишварҳои пешрафтаи олам ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ташаббусҳои Сарвари давлати моро хеле хуб истиқбол ва пуштибонӣ менамоянд.
Чунин нигоштааст муовини якум, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои иқтисодӣ Саид ҒОИБНАЗАРЗОДА дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол намудааст. Дар зер матни пурраи мақоларо пешниҳоди хонандагон мегардонем.
— Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба дастовардҳои хеле хубу назаррас ноил гардида, мақому мавқеи ҷумҳурӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму тақвият пайдо намуд. Дар ин муддат якчанд пешниҳоду ташаббусҳои созандаи Президенти мамлакат дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардиданд, ки обрӯ ва эътибори Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешсаф дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла вобаста ба масъалаҳои обу экология, тағйирёбии иқлим ва масоили амниятиву гуманитарӣ баланд бардоштанд.
Тоҷикистон бо дарназардошти афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи об ва муҳимияти захираҳои обӣ барои ноил гардидан ба рушди устувор масъалаҳоро вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ вусъат мебахшад.
Ба ҷомеи ҷаҳонӣ ва мардуми сарбаланди мамлакат маълум аст, ки панҷ пешниҳоди Президенти Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ ёфтааст:
- Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти об ин » Соли байналмилалии оби тоза эълон намудани соли 2003″ соли 2000 дар сессияи 55 -уми Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид мебошад.
- Даҳсолаи байналмиллалии амал » Об барои ҳаёт», солҳои 2005- 2015.
- «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об- соли 2010.
- Даҳсолаи байналмилалии амал» Об барои рушди устувор» солҳои 2018 — 2028.
Панҷумин ташаббуси Пешвои миллат 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи об якдилона аз тарафи 153 давлати ҷаҳон ҷонибдорӣ гардида, қатънома қабул карда шуд.
Ин рӯйдодҳои муҳим дар сатҳи байналмиллалӣ ҳар яки моро водор месозад, ки баҳри рушди бештари Ватан ва баланд гардидани нуфузи он дар ҷаҳон талош намоем.
Панҷ ташаббуси Роҳбари давлат дар соҳаи обу иқлим нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, ифтихормандии миллати тоҷик аст.
Таъғирёбии иқлим ба ҳаёти сокинони сайёра бевосита аз ҳолати иқлим вобастагии зиёд дошта, таҳдиди бузургтарин ба организмҳои зинда, аз ҷумла одамон мебошад, ки инсоният ба он рӯбарӯ шуда истодааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯза, мушкилоти марбут ба об, тағйирёбии иқлим, таъсири офатҳои табиӣ ба иқтисодиёту амнияти кишварҳо, иқдомҳои Тоҷикистон дар самти рушди “иқтисоди сабз” ва тавлиди “энергияи сабз” андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки имрӯз захираҳои об зери таъсири амиқи таҳдиду хатарҳои гуногун қарор доранд, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум, бахусус ба амнияти озуқаворӣ, тавлиди “нерӯи сабз” ва пойдории табиат бетаъсир намемонад.
Гуфтан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳони сиёсати сулҳҷуёна ва дарҳои кушодро пеша намуда, сулҳу озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд.
Маҳз ҳамин сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ташаббусҳои он ҳамеша дар сатҳи ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбад.
Табиати нотакрори диёрамон ва таърихи гаронбаҳои гузаштаи мо бо роҳбарии Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалби ҳар яки мо меҳри ватану ватандориро бедор намуда, бори дигар имконият фароҳам оварда шуд, ки ин давлати баъди ҳазор сол ба даст омадаро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва барои пешравии он дучанд меҳнат намоем.
Дар маҷмуъ барои расидан ба ҳадафҳои меҳварии сиёсати умумибашарӣ оид ба ҳифзи захираҳои обӣ зарур аст, ки тамоми давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ новобаста аз эҳтиёҷмандиашон оид ба ин захираҳои табиӣ, ташаббускорӣ ва ҳамбастагии муштаракро тақвият бахшанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд






