Тоҷикистон ва Фонди иқлими сабз ҳамкорӣ ва ташаббусҳои иқлимиро тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 17.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва муовини директори иҷроияи Фонди иқлими сабз (GCF) Генри Гонсалес баргузор гардид. Вохӯрӣ ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва ин ниҳоди байналмилалии молиявии иқлим равона шуда буд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист.
Дар мулоқот ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории кунунии Тоҷикистон ва GCF баррасӣ шуд. Ҳарду ҷониб ҷараёни татбиқи лоиҳаҳо, ҳамкории минтақавӣ, инчунин ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистонро оид ба об, иқлим ва пиряхҳо баррасӣ намуданд. Дар мулоқот ҳамчунин ба дастгирии GCF ба Тоҷикистон дар масъалаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Яке аз мавзуъҳои муҳими вохӯрӣ- ин баррасии масъалаи тасвиби Барномаи нави кишварии GCF дар Тоҷикистон буд. Барнома лоиҳаҳо ва ташаббусҳои гуногунро дар бар мегирад, ки ба ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ва мусоидат ба рушди устувор дар мамлакат нигаронида шудаанд. Он ба афзалияти миллии Тоҷикистон мувофиқат намуда, ҳамчун харитаи роҳ барои ҳамкории Тоҷикистон ва GCF то соли 2027 хизмат менамояд.
Зимни вохӯрӣ раиси Кумита Баҳодур Шерализода ба GCF барои дастгирии пайваста изҳори сипос намуда, аҳамияти вохӯриро дар таҳкими талошҳои Тоҷикистон дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи захираҳои табиии он таъкид намуд. Инчунин тарафдории Тоҷикистон аз рушди устувор ва ҳифзи пиряхҳо, ки барои экосистема ва манобеи оби минтақа муҳим мебошанд, иброз шуд.
Генри Гонсалес аҳамияти нақши Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти марбут ба тағйириёбии иқлим эътироф намуда, ба ҷониби Тоҷикистон дастгирӣ ва ҳамкории доимии GCF-ро барои ноил шудан ба ҳадафҳои иқлим ва рушди устувори он таъкид кард.
Мулоқоти намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва GCF шарикии қавӣ ва тарафдории муштараки онҳоро дар ҳалли мушкилот роҷеъ ба тағйирёбии иқлим нишон дод. Бо талошҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои муассир ин шарикӣ омода аст, ки дар мубориза бо тағйирёбии иқлим, рушди устувор дар Тоҷикистон ва дар маҷмуъ дар минтақа саҳми арзанда гузорад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»






