ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ ОМОДА МЕСОЗАНД. Дар шаҳри Москва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ва «Харитаи роҳ» ба имзо расид

Ноябрь 23, 2023 10:45

ДУШАНБЕ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри Кремли Москва дар натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи олии Тоҷикистон ва Русия дар ҳузури сарони давлатҳо- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки яке аз он Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия дар бораи рушди ҳамкорӣ дар тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи нақлиёт ва Нақшаи амали ҳамкорӣ («Харитаи роҳ») дар ин соҳа байни ду давлат барои солҳои 2023-2025 буд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳадафи Ёддошти тафоҳум мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба тайёр намудан ва бозомӯзонидани мутахассисони соҳаи нақлиёт аст, ки ба манфиатҳои рушди маҷмааи нақлиётии ду давлат ҷавобгӯ мебошад.

Ҷонибҳо мақсад доранд, ки дар баргузории семинарҳои таълимии нақлиётии Тоҷикистон ва Русия дар самтҳои афзалиятноки зерин:   ҳамлу нақли мултимодалӣ; шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар соҳаи нақлиёт; рушди шабакаҳои нақлиёти минтақавӣ ва шаҳрӣ; сохтмон ва идоракунии инфрасохтори нақлиётӣ; амнияти нақлиётӣ; ҳуқуқ дар соҳаи  нақлиёт ва иқтисод; экологияи нақлиётӣ; рақамикунонии соҳаи нақлиёт; муайян намудани афзалияти рақобатнокӣ дар бозори ҷаҳонии хизматрасонии нақлиётӣ; ҳамкорӣ дар доираи иттиҳодияҳои байнидавлатӣ; соҳаи логистикаи нақлиётӣ; таҳияи лоиҳаҳои нақлиётӣ ва логистикӣ ва пешниҳоди хизматрасонии машваратӣ дар татбиқи онҳо; таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба манфиатҳои ташкилот ва соҳибкорони дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ, инфрасохтори нақлиётӣ ва логистика фаъолияткунанда дахл доранд; таҳияи тавсияҳо оид ба такмили қонунгузории амалкунанда ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиётӣ ва логистикӣ; рушди шабакаи таълим, омодакунӣ ва бозомӯзии кадрҳои касбӣ дар соҳаи нақлиёт, инфрасохтори нақлиётӣ ва логистика ба ҳамдигар мусоидат намоянд.

Дар ин самтҳо ҳамкории Муассисаи давлатии  «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ»,  КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт» ва дигар сохторҳои дахлдори Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо Муассисаи давлатии мустақили таҳсилоти олии Русия ва Донишгоҳи нақлиёти Русия пешбинӣ шудааст.

Тибқи Нақшаи амали  ҳамкорӣ («Харитаи роҳ») дар соҳаи нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2023-2025 имконияти пайвастшавии Тоҷикистон ба лоиҳаи «Агроэкспресс» мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Ин хидматрасонии махсус ҷиҳати ташкили интиқоли босуръати контейнерҳо тавассути роҳи оҳан мебошад.

Лоиҳа аз ҷониби ҶСК «Роҳҳои оҳани Русия»  ва Маркази содиротии Русия (РЭЦ) амалӣ мешавад. Он имкон медиҳад, ки борҳои  маҷмааи агросаноатӣ ба Туркия, давлатҳои ИДМ ва Чин интиқол дода шаванд.

Бояд гуфт, ки пайвастани Тоҷикистон ба «Агроэкспресс» метавонад муҳлати таҳвили маҳсулоти зудвайроншавандаро суръат бахшад ва хатари омилҳои ба сифати мол таъсиррасонро коҳиш диҳад.

 АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 23, 2023 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»