Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори комиссияҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибхон Азимзода ва Мавлудахон Мирзозода дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба таври фосилавӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Вакилон дар ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблея оид ба масоили мудофиа ва амният, ки дар Қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор шуд, андешаҳои хешро нисбат ба мавзуъҳои баррасишуда иброз намуданд.
Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин, аз ҷумла «Дар бораи лоиҳаи Тавсияҳо оид ба ҷавобгарӣ барои кирдорҳои вобаста ба барқарор намудани натсизм ва таҳрифи ҳақиқати таърихӣ, дар конунгузории давлатҳои аъзои СААД», «Дар бораи лоиҳаи изҳороти Шурои Ассамблеяи парламентии СААД» баррасӣ шуданд.
Иштирокчиёни ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД масъалаҳои мавриди баррасии ҷаласаи навбатиро дар шароити ихтилофоту муқовиматҳои ҷаҳони имрӯза хеле муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории якҷоя, такмили механизми ин ҳамкорӣ дар тамоми бахшҳо, аз ҷумла дар доираи Ассамблеяи Байнипарлумонии ин созмон эътибори ҷиддӣ медиҳад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






