Варзишгарони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ бо 7 медал ба Ватан баргаштанд
ДУШАНБЕ, 21.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ, ки аз 16 то 19 ноябр дар шаҳри Гулистони Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, соҳиби 7 медал гардиданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро варзишгарони ноҳияи Зафаробод муаррифӣ намуда, соҳиби 7 медал – 2 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ гардиданд. Дар чемпионат варзишгарон аз 13 давлат иштирок намуданд.
Асрор Бойкузиев дар вазни 84кг дар равияи классикӣ медали тилло, дар равияи тарзи озод медали биринҷӣ, Рӯзибой Сафаров дар вазни 96кг дар равияи классикӣ медали тилло, дар тарзи озод медали нуқра, Тоҷиддин Тӯйчиев дар ҳар ду равия ду медали биринҷӣ, Ҷамшед Сафаров дар вазни 72кг дар равияи тарзи озод медали биринҷӣ ба даст оварданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






