Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Остона сазовори 9 медал шуданд
ДУШАНБЕ, 03.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон оид ба бокс дар Чемпионати Осиё, ки 23 октябр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон оғоз гардида, имрӯз, 3 ноябр анҷом меёбад, 9 медал ба даст оварданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар чемпионат байни наврасон 220 варзишгар (147 писар, 73 духтар) ва байни ҷавонон 215 варзишгар (137 писар, 78 духтар) иштирок намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд, 24 варзишгар (13 наврас, 11 ҷавон) намояндагӣ намуда, 1 медали нуқра, 8 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Медали нуқраро байни наврасон Ҷаҳонгир Камолов дар вазни то 46кг сазовор шуд.
Мансурхуҷа Муминов дар вазни то 48кг, Билолҷон Иксанов дар вазни то 50кг, Абубакр Ғафуров дар вазни то 66кг, Зиёратшо Қосимов дар вазни то 70кг, Фариноз Абдуллова дар вазни то 52кг, Мино Аъзамзода дар вазни то 60к байни наврасон, Меҳроҷ Суфиҷонов дар вазни то 48кг ва Баҳромбек Ҳотамов дар вазни то 71кг байни ҷавонон ба гирифтани медали биринҷӣ сарфароз гардиданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






