Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ду медали тилло ба даст оварданд

Ноябрь 17, 2023 13:37

ДУШАНБЕ, 17.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати Осиё оид ба ҷудо байни наврасон оғоз гардид. Дар он варзишгарони навраси тоҷик ду медали тилло ба даст оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.

Дар рӯзи аввал паҳлавонони наврас дар 8 вазн – 4 вазн байни писарон ва 4 вазн байни духтарон рақобат намуданд.

Гӯштингирони навраси мо- Лоиқ Қутбиддинов дар вазни -55кг ва Ёсин Бобокалонов дар вазни -66кг ба гирифтани медали тилло мушарраф шуданд. Мадина Қурбонзода дар вазни -48кг ва Икром Шамсов дар вазни -55кг ҷои панҷумро гирифтанд.

Имрӯз, 17 ноябр рақобатҳо дар 8 вазни дигар (4 вазн байни  писарон ва 4 вазн байни духтарон) байни наврасон идома меёбанд. Ду рӯз баъд беҳтаринҳои ҷудои Осиё байни ҷавонон муайян мешаванд.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

 

Ноябрь 17, 2023 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт