Варзишгарони Тоҷикистон соҳиби 35 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 13.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд ҷамъбаст ва ғолибон бо ҷому мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Мусобиқа 7-10 ноябр дар шаҳри Хуҷанд доир шуда, дар он беш аз 80 варзишгар аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, Федератсияи Русия ва Беларус иштирок намуданд.
Варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқа маҳорати баланд нишон дода, соҳиби 10 медали тилло, 9 медали нуқра ва 16 медали биринҷӣ гардиданд, ки нишони маъруфияти бокс дар мамлакатамон мебошад.
Дар маҷмуъ, 52 нафар ғолибони мусобиқа бо ҷому мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми аз 3 ҳазор то 8 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ҷоизадорони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс, ки ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд, дилому мукофотпулиҳоро супорид.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд аз замони пеш то ин дам варзишгарони болаёқату номдор ба воя мерасанд. Бокс дар вилоят яке аз намудҳои маъмул ба ҳисоб рафта, шумораи дӯстдорони он аз ҳисоби ҷавонону наврасон торафт меафзояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






