«WORLD JUDO TOUR» – ГРАНД СЛАМИ ТОКИО-2023. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 10 варзишгар муаррифӣ менамояд

Ноябрь 22, 2023 09:33

ДУШАНБЕ, 22.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқаи навбатии «World Judo Tour» – Гранд Слами Токио-2023 дар ҳайати 10 нафар иштирок менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусобиқа 2-3 декабр бо иштироки 500 варзишгари беш аз 84 давлат баргузор мешавад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 варзишгар байни мардҳо, аз ҷумла Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг), Меҳрзод Суфиев (-60кг), Эмомалӣ Нуралӣ (-66кг), Обид Ҷебов (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Абубакр Шеров (-73кг), Сомон Маҳмадбеков (-81кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-81кг), Комроншоҳи Устопириён (-90кг) ва Эмомризо Анварзода (-100кг) намояндагӣ менамоянд

Фонди умумии ҷоизаҳо 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ дарёфт менамоянд.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Ноябрь 22, 2023 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад