Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти солонаи Ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 06.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода аз Баҳрайн баргашт. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн дар конфронси 18-уми солона оид ба бонкдорӣ ва молияи исломӣ, ки дар дар сатҳи баланд баргузор гардид, иштирок намуд.
Конфронс аз ҷониби Ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ (AAOIFI) ва Бонки Исломии Рушд (IsDB) гузаронида шуд.
Ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ (AAOIFI) яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад, ки тавассути таҳия ва нашри стандартҳои муосири байналмилалӣ дар ҷанбаҳои гуногуни соҳаи молияи исломӣ, аз қабили муайян намудани талабот оид ба меъёрҳои шариат, баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит, идоракунӣ, этика ва ғайра ба рушди молияи исломӣ мусоидат менамояд.
Дар доираи конфронс Фируз Шарифзода бо раиси Шурои Ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ (AAOIFI) шайх Иброҳим бин Халифа ал Халифа, директори кулли Шурои хизматрасонии молияи исломӣ Билол Данбатта, раиси Бонки марказии Баҳрайн Рашид Муҳаммад ал Мараҷ ва роҳбари «Хонаи молиявии Кувайт» дар Шоҳигарии Баҳрайн Абдулҳаким Алҳайят вохӯриҳои судманд баргузор намуд.


Дар мулоқоти дуҷониба муаррифии ҷараёни татбиқи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон, ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ (AAOIFI), инчунин масъалаҳои мубрами молияи исломӣ, ба монанди табодули таҷриба дар самти назорати бонкӣ, рушди фаъолияти биржаҳои фондӣ, бозори суғуртаи исломӣ, кушодани ташкилоти қарзии исломӣ дар Тоҷикистон ва амалӣ намудани ипотекаи исломӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳамасола кормандони мақоми назорати бонкдории исломии Бонки миллии Тоҷикистон дар семинару вебинар ва суҳбатҳое, ки аз ҷониби Ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ (AAOIFI) гузаронида мешаванд, иштирок менамоянд. Бо истифода аз стандартҳои байналмилалии ташкилоти AAOIFI соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» қабул гардида, дар асоси ин қонун беш аз 27 дастурамалу низомнома оид ба танзим ва назорати фаъолияти бонкҳои исломӣ, ташкилоти маблағгузории хурди исломӣ, равзанаҳои бонкии исломӣ, идоракунии хавфҳо, тартиби таъсис ва фаъолияти Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ ва ғайра таҳия ва қабул шуд. Ин санадҳои меъёрӣ заминаи асосии танзиму назорати фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ ба ҳисоб рафта, ба таъсис ёфтани се ташкилоти қарзии исломӣ, ки ба муштариёни худ тавассути пешниҳоди маҳсулоти бонкдории исломӣ хизмат мерасонанд, омили асосӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҳоло аз ҷониби якчанд ташкилоти қарзии молиявии мамлакат ба Бонки миллии Тоҷикистон бастаи ҳуҷҷатҳо бо мақсади гирифтани иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти бонкии исломӣ пешниҳод гардидааст.
Иштироки ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон дар чунин конфронсҳо барои муаррифии татбиқи бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим аст. Он барои ҷалби сармоягузориҳо ба низоми бонкӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳамзамон барои пешбурди танзим ва назорати фаъолияти танзимкунандаи Бонки миллии Тоҷикистон самарабахш арзёбӣ мегардад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд






