Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти солонаи Ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ иштирок намуд

Декабрь 6, 2023 11:26

ДУШАНБЕ, 06.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода аз Баҳрайн баргашт. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн дар конфронси 18-уми солона оид ба бонкдорӣ ва молияи исломӣ, ки дар дар сатҳи баланд баргузор гардид, иштирок намуд.

Конфронс аз ҷониби Ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ (AAOIFI) ва Бонки Исломии Рушд (IsDB) гузаронида шуд.

Ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ (AAOIFI) яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад, ки тавассути таҳия ва нашри стандартҳои муосири байналмилалӣ дар ҷанбаҳои гуногуни соҳаи молияи исломӣ, аз қабили муайян намудани талабот оид ба меъёрҳои шариат, баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит, идоракунӣ, этика ва ғайра ба рушди молияи исломӣ мусоидат менамояд.

Дар доираи конфронс Фируз Шарифзода бо раиси Шурои Ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ (AAOIFI) шайх Иброҳим бин Халифа ал Халифа, директори кулли Шурои хизматрасонии молияи исломӣ Билол Данбатта, раиси Бонки марказии Баҳрайн Рашид Муҳаммад ал Мараҷ ва роҳбари «Хонаи молиявии Кувайт» дар Шоҳигарии Баҳрайн Абдулҳаким Алҳайят вохӯриҳои судманд баргузор намуд.


Дар мулоқоти дуҷониба муаррифии ҷараёни татбиқи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон, ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ (AAOIFI), инчунин масъалаҳои мубрами молияи исломӣ, ба монанди табодули таҷриба дар самти назорати бонкӣ, рушди фаъолияти биржаҳои фондӣ, бозори суғуртаи исломӣ, кушодани ташкилоти қарзии исломӣ дар Тоҷикистон ва амалӣ намудани ипотекаи исломӣ баррасӣ гардиданд.

Ҳамасола кормандони мақоми назорати бонкдории исломии Бонки миллии Тоҷикистон дар семинару вебинар ва суҳбатҳое, ки аз ҷониби Ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ (AAOIFI) гузаронида мешаванд, иштирок менамоянд. Бо истифода аз стандартҳои байналмилалии ташкилоти AAOIFI соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» қабул гардида, дар асоси ин қонун беш  аз 27 дастурамалу низомнома оид ба танзим ва назорати фаъолияти бонкҳои исломӣ, ташкилоти маблағгузории хурди исломӣ, равзанаҳои бонкии исломӣ, идоракунии хавфҳо, тартиби таъсис ва фаъолияти Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ ва ғайра таҳия ва қабул шуд. Ин санадҳои меъёрӣ заминаи асосии танзиму назорати фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ ба ҳисоб рафта, ба таъсис ёфтани се ташкилоти қарзии исломӣ, ки ба муштариёни худ тавассути пешниҳоди маҳсулоти бонкдории исломӣ хизмат мерасонанд, омили асосӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҳоло аз ҷониби якчанд ташкилоти қарзии молиявии мамлакат ба Бонки миллии Тоҷикистон бастаи ҳуҷҷатҳо бо мақсади гирифтани иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти бонкии исломӣ пешниҳод гардидааст.

Иштироки ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон дар чунин конфронсҳо барои муаррифии татбиқи бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим аст. Он барои ҷалби сармоягузориҳо ба низоми бонкӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳамзамон барои пешбурди танзим ва назорати фаъолияти танзимкунандаи Бонки миллии Тоҷикистон самарабахш арзёбӣ мегардад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Декабрь 6, 2023 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонон доир гардид
Раёсати ҷониби Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти омори мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «РВБ» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид
Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб густариш меёбад
Дар Душанбе ҳамкории ширкатҳои австриягӣ дар бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форум-намоишгоҳи байналмилалии сохтмонӣ 100+ TechnoBuild иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёии Рушдро ба ҳузур пазируфтанд
Ҳамлу нақли транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави Тоҷикистон ва Узбекистон бе рухсатнома амалӣ мегардад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1125 то 0.1130 сомонӣ сомонӣ муқаррар шудааст
Дар дарёи Ғунд Неругоҳи барқи обии «Чарсем» бунёд карда мешавад
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир мегардад