Амири Давлати Кувайт Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ аз олам даргузашт

Декабрь 16, 2023 16:22

ДУШАНБЕ, 16.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Амири Давлати Кувайт Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус ТАСС бо истинод ба телевизиони давлатии Кувайт, ки дар пахши он изҳороти расмии дафтари Амир хонда шудааст, иттилоъ дод.

«Мо барои Амир Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, ки рӯзи шанбе аз олам даргузашт, мотам мегирем»,  — гуфт вазир оид ба корҳои дафтари Амир Муҳаммад Абдулло ал-Муборак ас-Сабоҳ.

Охири моҳи ноябр иттилоъ расида буд, ки Амир ба далели вазъи саломатиаш дар беморхона бистарӣ шудааст.

Наваф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ аз соли 2020 Давлати Кувайтро раҳбарӣ менамуд. Ӯ баъди вафоти Сабоҳи IV Амир гардида буд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 16, 2023 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд