Ба «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид шуданд

Декабрь 13, 2023 16:35

ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода   иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад. 

Дар иҷлосия  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид шуд, ки мақсад аз қабул намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»  аз бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта дар қонуни амалкунанда, риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва талаботи дигар қонунҳо иборат мебошад.

Лоиҳаи ин қонун пешбинӣ менамояд, ки дар маҷмуъ ба зиёда аз 30 модда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардида, калимаҳо ё ибораҳои дорои мухолифату норасоӣ бо мақсади риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ бартараф шаванд. Аз ҷумла, қисми 5 моддаи 48, моддаи 68 ва қисми 3 моддаи 66, инчунин аз сархати ду модда баъзе калимаҳо ва ибораҳои ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ мутобиқнабуда хориҷ шуда, сархати ду модда ва қисми 2 моддаи 24, қисми 5 моддаи 39, қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 48 ва қисми 4 моддаи 89 дар таҳрири нав дар назар дошта шудааст.

Дар иҷлосия ҳамчунин иброз гардид, ки  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар суръатбахшии ҷараёни гардиши воситаҳои пулӣ, шаффофияти амалиёти  молиявӣ, кам намудани  ҳаҷми пули нақд дар муомилот ва хароҷот вобаста ба эмиссияи он, инчунин содагардонии раванди  пардохтҳои давлатиро, ки бо назардошти аҳмияти муҳими молиявӣ-иқтисодии он ба танзим медарорад, қабул шудааст.  Мақсади асосии лоиҳа аз тағйир додани масъалаҳои механизми пардохти ҳаққи хизматрасонии давлатии нақдӣ ба пардохти ҳаққи хизматрасонии давлатии  ғайринақдӣ  иборат мебошад.

Зимни баррасии масъалаи ниҳоии рӯзнома таъкид шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи ин қонун бо мақсади таъмини иҷрои талаботи банди 6 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023  «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ва ҳамзамон ҷиҳати танзими муносибатҳо вобаста ба тартиби пардохтҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.

Бинобар ин дар лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии пешниҳодшуда масъалаҳои механизми ба таври нақдӣ пардохт намудани ҳаққи хизматрасонии давлатӣ тағйир дода шуда, минбаъд пардохти ҳаққи хизматрасонии давлатӣ ба таври ғайри нақдӣ амалӣмешавад.

Вакилон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои дар рӯзнома баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони мардумӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Гулмуродзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Баҳриддин  Зиёӣ ва Мансур Усмонзода муаррифӣ намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 13, 2023 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон оғоз гардид