БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Зиёда аз 101 километр роҳҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявии шаҳру навоҳии минтақаи Ҳисор мумфарш гардидаанд
ДУШАНБЕ, 19.12.2023 /АМИТ«Ховар»/. Соли 2023 бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Норак, Файзобод, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода ва Роғун 101,44 км роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ва ҷумҳуриявиро мумфарш намуданд, ки аз ин шумора 85 километру 720 метр аз ҳисоби соҳибкорону саҳми аҳолӣ, 9, 595 км бо саҳми мақомоти маҳал ва 7,600 км аз ҳисоби муассисаи нигоҳдории роҳҳо мебошад. Дар ин хусус сармуҳандиси Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Ҳисор Фаррухҷон Абдиев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Хурсандиовар аст, ки сокинону соҳибкорон барои муҳайё намудани беҳтарин шароит дар деҳот ва маҳали худ аввал ба мумфарш намудани роҳҳо машғул мешаванд. Имсол танҳо соҳибкорону сокинони шаҳри Турсунзода 58,4 км, шаҳри Ваҳдат- 14,8 км, шаҳри Ҳисор- 4,2 км, ноҳияи Рӯдакӣ- 5 км ва ноҳияи Файзобод- 2,57 км роҳҳои маҳаллиро мумфарш намудаанд.
Тибқи иттилои сардори Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Ҳисор Насрулло Файзуллозода, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023 – 2024» дар 9 муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ҳисор маводи зиддилағжиш, ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ захира шудааст.
Инчунин барои зимистонгузаронӣ 66 техникаю механизмҳои роҳдорӣ омода гардидаанд, ки аз инҳо 31 адад ба минтақаҳои хавфнок вобаста шудаанд.
«Ҳамчунин хатҳои равшанидиҳии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, Душанбе-Ваҳдат, Восеъ, Ховалинг пурра дар ҳолати корӣ қарор доранд»,- гуфт сармуҳандиси Муассисаи давлатии нигоҳдории нақбҳо ва шабакаҳои равшандиҳӣ Холмаҳмад Худойбердиев.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






