Бонки Рушди АвруОсиё ният дорад ҳаҷми сармоягузориро дар Тоҷикистон афзоиш диҳад

Декабрь 19, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 19.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Имрӯз ҳадафи асосии мо нисбат ба соли равон чанд маротиба зиёд намудани ҳаҷми сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мебошад. Мо маблағгузории якчанд лоиҳаро ба нақша гирифтаем. Умедворам, ки мо соли 2024 натиҷаҳои хуб нишон медиҳем», — изҳор дошт раиси Раёсати Бонки Рушди ЕвраАзия Николай Подгузов дар нишасти матбуотӣ дар Алмаато, хабар медиҳад мухбири АМИТ Ховар.

Ба гуфтаи ӯ, бонк омода аст барои таҷдиди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳудуди 100 миллион доллар ҷудо намояд. Дар айни замон гуфтушунидҳо бо Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» оид ба барномаи навсозии парки ҳавопаймоҳо ва бунёди пойгоҳи техникии хизматрасонӣ барои он идома доранд.

Ба иттилои  бонк, суръати рушди иқтисодии Тоҷикистон муътадил ва баланд боқӣ мемонад. Дар динамикаи фаъолияти иқтисодии мамлакат бахшҳои ба талаботи истеъмолӣ ва сармоягузорӣ нигаронида, аз ҷумла тиҷорат ва сохтмон саҳми калидӣ гузоштаанд.

Тавсеаи иқтидори саноатӣ ва фаъолияти сармоягузорӣ низ барои афзоиши босуръати талаботи дохилӣ шароит фароҳам меорад. Дар солҳои 2025-2026 фоизи рушди  иқтисодиёт бештар   хоҳад шуд.

Таҳлилгарони бонк коҳиши минбаъдаи равандҳои таваррумро дар минтақаи фаъолияти бонк пешгӯӣ менамоянд: сатҳи умумии таваррум то охири соли 2024  коҳиш хоҳад ёфт.

Бонки Рушди АвруОсиё созмони байналмилалии молиявӣ буда,  дар минтақаҳои Аврупо ва Осиё фаъолияти сармоягузорӣ анҷом медиҳад. Зиёда аз 17 сол аст, ки бонк ба мустаҳкамнамоӣ ва  вусъат додани робитаҳои иқтисодӣ ва тараққиёти ҳаматарафаи минтақа мусоидат мекунад. Сармояи оинномавии бонк  7 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ҳиссаи асосиро дар портфели он лоиҳаҳое ишғол менамоянд, ки таъсири ҳамгироӣ дар соҳаи нақлиёт, низоми рақамӣ, энергетикаи «сабз», кишоварзӣ, саноат ва мошинсозӣ доранд.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 19, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1097 сомонӣ муқаррар шудааст
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1085 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2000 то 10.5553 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1097 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2509 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1096 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.3000 то 10.6192 сомонӣ муқаррар шудааст
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2499 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1094 сомонӣ муқаррар шудааст