Бозингарони дастаи «Хатлон-1» дар Мусобиқаи ҷумҳуриявии футболи «Гузариш» сазовори ҷойи аввал гардиданд

Декабрь 18, 2023 18:20

ДУШАНБЕ, 18.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бозигарони дастаи «Хатлон-1» дар Мусобиқаи ҷумҳуриявии «Гузариш», ки ба поси хотири собиқ дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев доир гардид, ғолиб дониста шуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷамъбасти мусобиқа дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, дар он ҳашт дастаи мунтахаби минтақавӣ ба ду гурӯҳ тақсим шуда, байни ҳам рақобат намуданд.

Барои мақоми сеюм дастаи «Хатлон-2» бо дастаи «Душанбе» рақобат намуда, дастаи «Хатлон -2» бо ҳисоби 2:0 пирӯз ва барандаи мақоми сеюми мусобиқа гардид.

Барои мақоми аввали мусобиқа дастаҳои «Душанбе-1» ва «Хатлон-1» байни ҳам рақобат намуда, бозигарони дастаи «Хатлон-1» бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, барандаи мусобиқаи «Гузариш» дар соли 2024 шуданд.

Ҳадафҳои аслии ин мусобиқа дар баробари таблиғ оммавӣ намудани футбол ва муайян намудани ғолибон, инчунин имкони дарёфти бозигарони нав барои дастаҳои лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон буд.

Мусобиқа бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ташкил гардид.

АКС: Федератсияи футболи вилояти Хатлон

Декабрь 18, 2023 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд