ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Варзишгари тоҷик Фариноз Абдуллоева барандаи медали нуқра гардид
ДУШАНБЕ, 05.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари шинохтаи тоҷик Фариноз Абдуллоева дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни наврасон ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни наврасон бо иштироки 448 варзишгар аз 58 давлат аз 24 ноябр то 4 декабри соли равон дар шаҳри Еревани Арманистон баргузор гардид.
Муҳорибаҳо дар 26 вазн (13 вазн миёни писарон, 13 вазн миёни духтарон) доир гардид.
Хотиррасон мешавем, ки Фариноз Абдуллоева дар вазни то 52кг дар ду рақобати мушкил бар варзишгарони Полша ва Қазоқистон ғалаба намуда, дар финал аз намояндаи Ҳиндустон мағлуб гардид.
Ёдрас мешавем, ки дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон дар ҳайати 9 варзишгар иштирок намуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






