ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН -2023. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пеш аз муҳлат ғолиб гардид
ДУШАНБЕ, 02.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии мавқуфмондаи даври сеюми марҳилаи сеюми Чемпионати Тоҷикистон бар дастаи футболи «Куктош» -и ноҳияи Рӯдакӣ ғолиб омада, пеш аз муҳлат ғолиби Чемпионати Тоҷикистон -2023 оид ба футбол шуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вохӯрии дастаҳо дар «Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе» доир гардида, бо ҳисоби калони 4:1 ба фоидаи дастаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Голҳоро аз ҳайати дастаи «Истиқлол» – Алишер Ҷалилов ду маротиба, Шервонӣ Мабатшоев ва Амадонӣ Камолов ба нишон расониданд. Ягона голи дастаи футболи «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакиро Муҳиддин Одилов ба нишон расонид.
Пас аз ин пирӯзӣ дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе шумораи имтиёзҳояшро дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон -2023 ба 43 адад расонида, аз дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, ки дар ҷои дуюм аст, 9 имтиёз бештар ба даст овард.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе маротибаи 12-ум чемпиони Тоҷикистон гардид.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






