Далер Ҷумъа: «Тоҷикистон метавонад дар бунёди бозори минтақавии неруи барқ саҳми арзанда гузорад»
ДУШАНБЕ, 04.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон, ки дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, метавонад дар бунёди бозори минтақавии неруи барқ саҳми арзанда гузорад ва ҳамзамон дар коҳиши партовҳои зараровар ба атмосфера мусоидат намояд. Чунин баён дошт Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар муколамаи сатҳи баланд таҳти унвони «Таъмини рушди устувор: Изҳороти Бали оид ба гидроэнергетика», ки иштирокчии ин панел буд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои об.
Муколама 2 декабр дар ҳошияи конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб доир гардид.
Изҳороти Бали оид ба рушди устувор 2 ноябри соли раовн дар Конгресси умумиҷаҳонии гидроэнергетикӣ дар Балии Индонезия қабул гардидааст. Дар он гуфта мешавад, ки гидроэнергетикаи устувор бояд меҳвари стратегияҳои миллӣ барои эҷоди иқтисодҳои шукуфони камкарбон бошад, ки аз энергияи тоза ва барқароршаванда таъмин мешаванд.
Иштирокчиёни муколама масъалаҳои банақшагирии эҳтиёҷоти ояндаи энергетикӣ, мусоидат ба рушди устувори гидроэнергетика тавассути механизмҳои молиявӣ ва бозорӣ, суръат бахшидан ба рушди энергияи барқароршаванда тавассути равандҳои шаффоф ва самараноки иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ ва ҳамгироии таҷрибаҳои рушди устувори гидроэнергетика ба қоидаҳо ва уҳдадориҳои ҳукуматро баррасӣ намуданд.
Далер Ҷумъа иброз намуд, ки бо назардошти тамоюлҳои охирини ҷаҳонӣ давлатҳо ба таблиғи фаъолонаи рӯзномаи иқлим шуруъ намудаанд ва дар мисоли минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид намуд, ки ҳар давлат стратегияҳое қабул намудааст, ки тибқи онҳо гузаштан ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия ё зиёд намудани ҳиссаи энергияи барқароршаванда дар мувозинати умумии энергия пешбинӣ шудааст.
«Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, саъй дорад, ки онҳоро на танҳо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандони худ, балки барои ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои ҳамсоя тавассути интиқоли неруи барқ ва оби аз ҷиҳати экологӣ тоза истифода намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти ташкили бозори минтақавии неруи барқро дар Осиёи Марказӣ бо дурнамои пайвастани давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ ба он эътироф менамояд», — изҳор дошт вазир.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон, ки дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, метавонад дар бунёди бозори минтақавии неруи барқ саҳми арзанда гузорад ва ҳамзамон дар коҳиши партовҳои зараровар ба атмосфера мусоидат намояд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Душанбе моҳи август мизбони «Food industry Forum of Tajikistan-2026» мегардад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми умумиҷаҳонии шаҳрҳо дар Боку иштирок намуданд
Ҳаҷми умумии ҳамлу нақл байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 5,8 фоиз афзудааст
ТАВАҶҶУҲ! Интиқоли одии маблағ байни аъзои оила, дӯстон, наздикон ва дигар шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ намегардад!
Дар ҶДММ «Саноати Ашт» хатҳои нави истеҳсолӣ васлу насб гардиданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Барои иштирокчиёни конфронси байналмилалӣ 7 хатсайри сайёҳӣ пешниҳод гардидааст
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ХОҶАГИДОР. Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
Мулоқоти роҳбарони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд
Тоҷикистон ва Миср дар соҳаи авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Иштирокдорони Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ бо низоми кишоварзии нодири дараи Алмосӣ — гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ шинос шуданд






