Дар Душанбе доир ба нақши СААД дар таъмини субот ва амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид

Декабрь 19, 2023 17:25

ДУШАНБЕ, 19.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе  конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ оид ба «Нақши Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар таъмини субот ва амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Конференсия бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҳаракати ҷамъиятии «Дӯстони Русия» доир шуда, дар он олимон, намояндагони сафоратхонаҳои мамлакатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва коршиносон иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш масъалаҳои афзалияти СААД ва муқовимати он ба чолишҳои имрӯза ҷиҳати таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти СААД, фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи СААД ҷиҳати таъмини сулҳу амният ва субот дар минтақа, мушкилот ва таҳдидҳои муосир ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ва ғайра баррасӣ шуданд.

Иброз гардид, ки солҳои охир вазъияти ҷаҳон ба куллӣ тағйир ёфтааст. Ҳамасола Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ  механизми муассир ва серталаб дар таъмини амнияту субот дар минтақа мегардад.

Иштирокчиёни конфронс инчунин дурнамо ва рушди ин созмонро баррасӣ намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 19, 2023 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд