Дар Душанбе Конгресси навбатии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд

Декабрь 16, 2023 19:19

ДУШАНБЕ, 16.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конгресси навбатии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар он роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, аъзои Кумитаи иҷроияи федератсия, намояндагони федератсияҳои минтақавӣ, дастаҳои футболу футзал, роҳбарони Лигаи футболи мамлакат, Лигаи футзали Тоҷикистон, Лигаи футболи кӯдакону наврасон ва ғайра иштирок намуданд.

Рӯзномаи Конгресси Федератсияи футболи Тоҷикистон масъалаҳои зеринро дар бар мегирифт:

– Суханронии ноиби якуми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо.

– Интихоби аъзои кории Конгресс.

– Комиссияи ҳисоб ва комиссияи тафтиши протокол.

– Тасдиқи протоколи Конгресси ФФТ аз 17 декабри соли 2022.

– Ҳисобот дар бораи фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2022.

– Тасдиқи ҳисобот дар бораи фаъолияти молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2022.

– Тасдиқи буҷети Федератсияи футболи Тоҷикистон барои соли 2024.

– Тасдиқи ҳисоботи аудитори мустақил оид ба фаъолияти молиявию иқтисодии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои соли 2022.

– Таъйин намудани аудитори мустақили фаъолияти молиявию иқтисодии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои солҳои 2023-2024.

– Тасдиқи пешниҳодҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

– Тасдиқи муқаррароти баргузории Конгресс.

– Тасдиқи Кодекси интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар кори Конгресси Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Душанбе намояндагони Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва Конфедератсияи футболи Осиё низ иштирок доштанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 16, 2023 19:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд