Дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд

Декабрь 9, 2023 16:24

ДУШАНБЕ, 09.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳанӯз соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон устувории ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии ӯро эътироф намуда, муқаррар намуда буд, ки инсон, хуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, давлат онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Бо такя ба ин муқаррарот ва меъёрҳои дигари барномавӣ ислоҳоти ҳуқуқӣ роҳандозӣ гардида, механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон таъсис дода шуданд. Чунин баён гардид имрўз  зимни ҳамоиш, ки бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир шуд, иттилоъ медиҳад мухбири  АМИТ «Ховар» аз макони баргузори ин чорабинӣ.

Ҳамоиш таҳти унвони «Масъалаҳои назариявии ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» доир шуда, зимни он изҳор  гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланди илмӣ дар инкишофи низоми ҳуқуқии мамлакат ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ нақши бориз мегузорад.

Иштирокдорони ҳамоиш  нақш ва мавқеи миллати тоҷикро дар масири таърих дар роҳи шинохти ҳуқуқи инсон ва эҳтиром гузоштан ба он бисёр баланд арзёбӣ намуданд.

Дар ҷамъомад  гуфта шуд, ки эътироф, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи  инсон яке аз мақсадҳои асосии тағйироту дигаргуниҳо дар ҷомеа маҳсуб шуда, ба тағйир додани нақшу ҷойгоҳи инсон, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, кафолати озодӣ ва дахлнопазирӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва иштироки фаъол дар идоракунии давлатӣ равона гардидааст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодааст.

Ёдоварӣ шуд, ки Эъломияи Куруши Кабир  нахустин маротиба  ҳуқуқҳои инсонро дар таърихи башарият муайян намуда, минбаъд баҳри қабул намудани санадҳои дигар дар самти ҳуқуқи инсон заминаи асосӣ гузоштааст.

Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст, ки дар ин кор саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳое, ки бевосита ба ҳуқуқи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард мебошанд.

Дар ҳамоиш олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, намояндагон аз вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи пленарии конференсия зиёда аз 21 маърўза  ироа шуда, зимни баррасии мавзуъҳои баёнгардида аз ҷониби олимон пешниҳод оид ба инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ ва мукаммал намудани қонунгузории миллӣ пешниҳод шуданд.

Изҳор гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эълон намудааст. Аз ин рў риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон бояд меҳвари фаъолияти мақомоти давлатӣ, корхонаву муассиса, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ташкил диҳад.

Дар идомаи ҳамоиш,  рӯнамоии китоби дарсии «Механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон», ки бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шудааст, баргузор гардид, ки ин як дастоварди нодир ва муҳим барои факултетҳои ҳуқуқшиносии донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат ва ҳуқуқшиносон ба ҳисоб меравад.

Китоби дарсӣ мутобиқ ба стандарти давлатии маориф оид ба ихтисоси «Ҳуқуқшинос» омода шуда, дар он масъалаҳои нисбатан муҳимми марбут ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шарҳрванд, инчунин принсип ва меъёрҳои муосири байналмилалӣ, ки ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон алоқаманд мебошанд, ҳамзамон механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Китоби  мазкур барои омӯзгорон, донишҷӯён, магистрантон, докторантон, пажуҳишгарон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва доираи васеи хонандагон, ки ба механизмҳои ҳимояи ҳукуки инсон мароқ доранд, тавсия мегардад.

Конференсия дар 6 бахш доир шуда, дар онҳо зиёда аз 116 маърӯза бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шакли бевосита ва ғоибона пешниҳод гардид. Дар конференсия аз ҷониби олимон пешниҳод оид ба инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ ва мукаммал намудани қонунгузории миллӣ дар заминаи санадҳои байналмилалӣ ироа шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 9, 2023 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?
1 июл даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад