Дар Канадаи Арктикӣ аз ҳавопаймои суқутнамуда 10 нафар пайдо ва наҷот дода шуд
ДУШАНБЕ, 29.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Низомиён тавонистанд 10 нафар зарардидаро, ки дар ҳавопаймои суқутнамудаи Канадаи Арктикӣ ҳузур доштанд, пайдо намуда, наҷот диҳанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус шабакаи телевизионии CTV хабар додааст.
Тибқи маълумоти манбаъ, ҳавопаймои хурд шоми чоршанбе тақрибан дар километри 300-уми самти шимолу шарқи маҳаллаи Йеллоунайф (ҳудудҳои шимолу ғарбии Канадаи Арктикӣ) суқут намуд, ки дарҳол пас аз қабул шудани бонги кумак амалиёти ҷустуҷӯӣ оғоз ёфта, ба он низомиёни Канада ҷалб гардиданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки ҳашт нафар захмдор шуда, ду нафари онҳо ҷароҳатҳои ҷиддӣ бардоштаанд. Дар дохили ҳавопаймо ду аъзои экипаж ва ҳашт мусофир будаанд. Сабабҳои садама муайян мешаванд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






