Дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб вобаста ба оқилона истифода бурдани қувваи барқ вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии прокурори калони шуъбаи муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Зафар Тоҷибекзода бо омӯзгорону кормандони коллеҷ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва сабабҳои воқеии маҳдудияти таьминоти неруи барқ дар мавсими зимистони солҳои 2023-2024 баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Дар вохӯрӣ ҷиҳати истифодаи оқилонаи қувваи барқ ва давраи зимистонгузаронӣ сухан гуфта шуд.
Дар идомаи ҷаласа Зафар Тоҷибекзода аз шахсони масъул дархост намуд, ки барои оқилона истифода бурдани қувваи барқ, риояи ҳатмии қоидаҳои зидди сӯхтор ва пешгирии дигар ҳодисаҳои нохуш саҳм гузоранд.
Гуфта мешавад, ки аз ҷониби маъмурияти коллеҷ барои сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ назорати қатъӣ бурда мешавад, то донишҷӯён қувваи барқро дар хобгоҳ сарфакорона истифода бурда, таҷҳизоти барқиро сари вақт хомӯш намоянд ва бо ин пеши роҳи сӯхторҳоро гиранд.
АКС: АМИТ Ховар








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






