Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб бо кормандони мақомоти қудратӣ вохӯрӣ баргузор шуд
КӮЛОБ, 31.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии кормандони мақомоти қудратии минтақаи Кӯлоб бо кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода дар Коллеҷи омӯзгорӣ хабар доданд.
Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати дурандешона ва оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба идеологияи терроризм ва ифротгароӣ вокунишҳои шадид нишон дода, барои аз байн бурдани ин падидаи хатарнок мудом дар мубориза аст.
Сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон дар амри таҳкими пояҳои сулҳу ваҳдат, ҳифзи арзишҳои инсонӣ, муборизаи беамон бо зархаридони хориҷӣ имкон фароҳам овард, ки мардуми шарифи мо боз ҳам муттаҳидтар гашта, ҷиҳати таъмини амнияти миллӣ, ки яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа маҳсуб мешавад, ба муқобили ифротгароён муборизаи беамон баранд ва оромию сулҳу субот дар ҷумҳурӣ таъмин шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳо таъкид намуданд, ки «мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки террористро ба худӣ ва бегона, ё хубу бад ҷудо намудан мумкин нест. Баръакс, тавре, ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».
Дар мавзуъҳои «Терроризм, эктремизм ва хатари он ба ҷомеаи муосир», «Муқовимат бо коррупсия- кори дастҷамъӣт» аз ҷониби намояндагони шуъбаи ноболиғону ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб ва Бахши муқовимат бо коррупсия маърузаҳо манзур шуданд.
АКС: Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад






