РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ намоиш-фурӯши маҳсулоти саноативу хӯрокворӣ идома дорад

Декабрь 22, 2023 10:35

РӮДАКӢ, 22.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) намоиш-фурӯши маҳсулоти саноативу хӯрокворӣ ташкил карда шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Дар ярмарка корхонаҳои саноатии ноҳияи Рӯдакӣ молу маҳсулоти истеҳсолнамудаашонро ба намоиш ва фурӯш гузоштаанд.

Ноҳияи Рӯдакӣ яке аз ноҳияҳои агросаноатӣ ба шумор рафта, дар ҳудуди он 173 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти гуногуни саноатӣ мувофиқ гардонида шудаанд. Бо мақсади боз ҳам зиёд намудани корхонаҳои саноатӣ, бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ сохта, ба истифода додани корхонаю коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ дар ҳудуди ноҳия сохтмони 7 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ бо маром идома дошта, баистифодадиҳии онҳо соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади гузариши иқтисодиёти мамлакат аз аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ ва стратегии давлат ва солҳои 2022–2026 Солҳои рушди саноат эълон гардиданд. То имрӯз дар ҳудуди мамлакат садҳо корхонаҳои бузурги саноатию истеҳсолӣ бунёд ва ҳазорон нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Дар зер суратгузориш аз ҷараёни ин намоиш-фурӯши маҳсулоти саноативу хӯрокворӣ манзур мешавад.


АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Декабрь 22, 2023 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст