Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар Шурои навбатии ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабу омилҳои саркашӣ ва фирори сарбозон аз хизмати ҳарбӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шуд. Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар толори Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар бо ҳузури прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар, комиссари ҳарбии вилояти Хатлон, аъзои Шуро, командирони қисмҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ва ҳайати шахсии онҳо, инчунин дигар масъулони соҳа баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Телевизиони Хатлон иттилоъ доданд.
Дар Шуро як масъала — таҳлили ҷиноятҳои худсарона тарк намудани қисми ҳарбӣ ва фирор аз маҳали хизматӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шуд. Гуфта шуд, ки Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар дар асоси банди 4 нақшаи кории Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳарбии гарнизон барои соли 2023 таҷрибаи тафтишотӣ-судӣ вобаста ба ҷиноятҳои худсарона тарк намудани қисми ҳарбӣ ва фирорро дар соли 2022 ва 2023 дар қисму воҳидҳои ҳарбии гарнизон мавриди санҷиш қарор дод.
Мақомоти прокуратураи ҳарбӣ дар раванди ба амал баровардани назорати прокурорӣ оид ба риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ бо ҷиноятҳои худсарона тарк намудани қисми ҳарбӣ ва фирор, инчунин аз ҷониби прокуратураи ҳарбии гарнизон ва ҷузъу томҳои воҳидҳои ҳарбӣ пешгирӣ ва ошкор намудани ин қабил ҷиноятҳо тадбирҳои заруриро мунтазам амалӣ намуда, дар ин самти назорати прокурорӣ корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст.
Санҷишҳо нишон доданд, ки шумораи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат мепайванданд афзоиш ёфтааст, эҳсоси ватанпарастӣ ва ватандӯстӣ дар байни ҷавонон ба таври рӯзафзун паҳн мешавад, шароити хизмати сарбозон дар қисмҳои низомӣ беҳтар шудааст, сатҳи саводнокӣ ва маърифати ватанпарастӣ дар байни наврасону ҷавонон боло рафтааст. Ҳолатҳои саркашӣ аз хизмат ва ё фирор аз маҳали хизматӣ нисбат ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфтааст. Мутаассифона, ҳолати фирор ва ё саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ кам ҳам бошад, ба назар мерасад.
Аъзои Шуро ҳамчунин масъалаҳои таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо озуқа, амволи шайъӣ ва дигар намуди амволи махсус, таҷрибаи тафтишотӣ-судӣ оид ба ҷиноятҳои вайрон намудани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Гуфта шуд, ки дар ҷузъу томҳои ҳарбии гарнизони Бохтар талаботи қонунҳо, оинномаҳои ҳарбию сарҳадӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ асосан риоя ва иҷро гардида, фаъолият дар самти пешгирии чунин ҷиноятҳо то андозае дуруст ба роҳ монда шуда, ҷиҳати ташкили шароити хуби хизмати ҳарбӣ корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд.
Дар охир ба аъзои Шуро ва кормандони прокуратураи ҳарбӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани фаъолият аз тамоми ваколатҳои назорати прокурорӣ самаранок истифода намуда, баҳри пешгирии ҷиноятҳо ба муқобили ҳаёт ва саломатии афсарону сарбозон, вайрон намудани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ, пешгирии ҳолатҳои саркашӣ ё фирор тадбирҳои иловагии зарурӣ андешида шаванд. Ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш, ватандӯстию ватанпарастии сарбозону афсарон тадбирҳои зарурӣ амалӣ шаванд.
Аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






