Дар шаҳри Гулистон форум оид ба тавонмандсозии ҷавонон доир шуд

Декабрь 20, 2023 15:18

ДУШАНБЕ, 20.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд таҳти унвони «Тавонмандсозии ҷавонон барои иштирок дар қабули қарорҳо ва мусоидат ҷиҳати рушди ҷомеа» Форуми таҷрибаивазкунӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба форум, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва  ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамсол ва ҳамсол»  доир шуд, беш аз 70 ҷавон аз шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Ҳисор, Ҷалолиддини Балхӣ, Бохтар ва Ҷаббор Расулов ҷалб гардида, ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.

Дар форум иброз гардид, ки тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва эҳтироми фарҳангу тамаддуни миллӣ ниҳоят манфиатбахш буда, ин яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро неруи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эътироф менамояд.

Тазаккур дода шуд, ки барои  ҷавонон тамоми имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ба ин хотир ҷавононро мебояд аз ин шароит самаранок истифода намоянд.

Дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат ҷавонони мамлакат ба хотири ободиву пешрафти Тоҷикистон чун ҳарвақта муттаҳиду пешсаф мебошанд. Ҳоло дар назди ҷавонон масъалаҳое меистанд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ дарку ҳалли онҳо аз ҷавонон дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва самимона дӯст доштани Ватанро талаб менамоянд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 20, 2023 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад