Дар Тоҷикистон фаъолияти «Нури рушноӣ» ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе маросими расмии пӯшидашавии ташаббуси «Нури рӯшноӣ» дар Тоҷикистон: 2020-2023 доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Ҳадафи асосии чорабинӣ муаррифӣ намудани натиҷаҳои асосии татбиқи ташаббуси «Нури рушноӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Дар чорабинӣ нуқтаҳои асосии ҷузъи 6 барномаи мукаммале, ки аз ҷониби ташаббуси «Нури рушноӣ» дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон амалӣ шуданд, бори дигар рӯнамоӣ гардид.
Таъкид шуд, ки ҳадафи асосии ташаббуси «Нури рӯшноӣ» таъмини баробарии гендерӣ, хотима гузоштан ба ҳама гуна шаклҳои хушунат нисбат ба занону духтарон, паст намудани шиддати зӯроварӣ дар оила, мусоидат намудан ба дастрасии кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба таҳсил буда, давоми се сол дар доираи ин ташаббус дар ҷумҳурӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, «Мактаби фаъолони гендерӣ» ташкил гардид, ки аллакай зиёда аз 60 нафар онро хатм намуданд ва минбаъд фаъолияти худро ба тарғиби баробарии гендерӣ дар ҷомеа равона месозанд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин доир ба ҷалби мардон ба ҳалли масъалаи пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон ва пешгирии ҳама гуна шаклҳои хушунат нисбат ба кӯдакон, наврасон ва ҷавонон сухан рафт. Таъкид шуд, ки бо ибтикори ташаббуси «Нури рушноӣ» бо мақсади пешгирии хушунат нисбат ба кӯдакону наврасон дар чанд мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ қуттиҳои махсус барои арзу шикоятҳо насб шудаанд, то нисбат ба арзу шикояти мактаббачаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Таъкид гардид, ки барнома ба натиҷаҳои баланд, аз ҷумла баррасӣ ва таҳлили қонунгузорӣ, сиёсат ва расмиёти асосии Тоҷикистон ноил гашт. Мавзуъҳои барномаро ба сиёсатҳои асосии рушди миллӣ, барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои чорабиниҳо ворид намуданд ва ин ба таҳкими ҳамкории байнисоҳавӣ асос гузошта, огоҳӣ ва дониши беш аз 99284 нафар баланд бардошта шуд. Барнома инчунин расонидани хадамоти беҳтари тиббӣ ва равониро ба онҳое, ки аз хушунат дучор шудаанд, таъмин намуда, ҳамзамон иқтидори провайдерҳои хадамотро тақвият дод ва шабакаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолонро дастгирӣ намуда, барои рушди тавонмандии занону духтарон кумак расонд.
Ба таъкиди иштирокчиёни чорабинӣ, ташаббуси «Нури рушноӣ» ба татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» мусоидат намуда, барои таъмини баробарии гендерӣ дар ҳама соҳаҳо кумак менамояд.
Барнома бисёрҷабҳа буда, аз шаш бахш иборат буд ва натиҷаҳои хуб дод.
Дар охир таъкид гардид, ки дар доираи ташаббуси «Нури рушноӣ» ба маблағи 330 ҳазор доллари амрикоӣ таҷҳизоти гуногун харидорӣ ва дастрас шуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






