Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи энергетикҳо ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва ниҳодҳои зертобеъ ва дигар меҳмонону собиқадорони соҳа иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Иброз гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо мақсади таъмини рушди босуботи ҷумҳурӣ ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинон соҳаи энергетикаро самти афзалиятноки сиёсати давлат ва ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикиро аз ҳадафҳои муҳиму стратегии миллӣ эълон намудаанд.
Таъкид шуд, ки бо мақсади пурра амалӣ гардидани ин ҳадаф кормандони соҳаи энергетика, аз ҷумла кормандони вазорат ва ниҳодҳои зертобеи он дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи фаъолият қарор дода, барои ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика саъю талош намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Ҳадафи энергетикҳо боз ҳам бештар аз худ намудани захираҳои гидроэнергетикӣ, афзоиши истеҳсоли неруи барқ ва таъмини эҳтиёҷоти соҳаҳои гуногуни иқтисод ва сокинони ҷумҳурӣ бо неруи барқи доимӣ мебошад.
Дар ҷаласаи тантанавӣ як зумра кормандони фаъол барои меҳнати софдилона ва хизматҳои шоёнашон дар соҳаи энергетика бо Ифтихорнома ва медали «Аълочии энергетика» сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






