Дастаи футболи «Регар» байни дастаҳои Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон соҳиби ҷойи аввал шуд

Декабрь 11, 2023 14:40

ДУШАНБЕ, 11.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Регар» байни дастаҳои Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол сазовори ҷойи аввал шуда, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон дар маҷмааи «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода.

Дар маросим намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Турсунзода иштирок намуданд.

Байни дастаҳои Лигаи дуюм дастаи футболи «Регар» сазовори ҷойи якум шуда, дастаи «Ҳисор» ҷойи дуюм ва «Рӯдакӣ» мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Дастаи футболи «Регар» баъди ин пирӯзӣ ба Лигаи якуми футболи Тоҷикистон роҳхат гирифт.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Декабрь 11, 2023 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд