ДИРЕКТОРИ МАКТАБЕ, КИ ИМРӮЗ САРБОЗ АСТ. Раҳмоналӣ Раҷабзода: «Мехостам исбот созам, ки муҳаббати ман ба Тоҷикистон-сарзамини аҷдодӣ танҳо дар забон нест»
ДУШАНБЕ, 18.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ Раҳмоналӣ Раҷабзода дар мавсими тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуда, ҳоло дар қисми ҳарбии шаҳри Кӯлоб хизмати Ватан-Модарро адо менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба рўзномаи «Хатлон».
Номбурда соли 2018 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъро хатм намуда, худи ҳамон сол ба факултети рӯзноманигории Донишгоҳи давлати Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шудааст. Пас аз хатми донишгоҳ, ў муддате ба ҳайси рўзноманигор фаъолият намуда, сипас ба пешаи омӯзгорӣ рӯ овардааст. Фаъолияти хуби корӣ, аз ҷумла дониши баланд, ташаббускорию навовариашро дида, роҳбарияти ноҳия ӯро ба вазифаи директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и зодгоҳаш таъйин намуданд.
Бо талошҳои Раҳмоналӣ Раҷабзода дар мактаб баҳри беҳтар намудани сифати таълиму тарбия корҳои зиёде ба анҷом расиданд. Аз ҷумла дар байни хонандагон озмунҳои гуногуни эҷодию зеҳнӣ ташкил гардида, ғолибон ҳавасманд гардонида мешуданд. Ҳамин буд, ки сафи хонандагони фаъоли ин мактаб, ки натиҷаҳои хубро дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ ноил мегаштанд, зиёд гардид.
«Дар мактаб ба шогирдон дарси ватандӯстӣ медиҳем. Пайваста мегӯем, ки дӯст доштани Ватан қарзи имонию виҷдонии ҳар ҷавонмард мебошад. Хостам дар амал собит созам, ки баҳри ҳифзи марзу буми Ватан ҳамеша омодаам ва он бароям арзиши муқаддас аст. Мехостам исбот созам, ки муҳаббати ман ба Тоҷикистон-сарзамини аҷдодӣ танҳо дар забон нест, ман онро бо тамоми ҳастиям дўст медорам ва сарбози сарсупурдааш ҳастам», — иброз дошт Раҳмоналӣ.
Ў илова кард, ки «Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Мо Ватанаморо танҳо дар сухан не, балки аз таҳти дил дўст дорем, онро дар амал бо хизматҳои шоиста собит созем. Ҳамин гуфтаҳои Пешвои миллат маро раҳнамо шуд, ки ба хизмати аскарӣ омадам, то баҳри дигар ҷавонписарон намунаи ибрат шавад. Дар муассисаи мо норасоии кадрӣ ба назар мерасад, вале ба ин ҳам нигоҳ накарда, баҳри дифои Ватан ва омӯхтани дониши низомӣ либоси ҳарбӣ ба бар намудам. Ман бо шогирдони худ баҳри иштирок дар озмунҳои зеҳнии ҷумҳуриявӣ нақшаҳои зиёд доштем, насиб бошад, пас аз адои хизмати ҳарбӣ ҳамаи онҳоро амалӣ месозем».
Ин амали ҷавонмардонаи Раҳмоналӣ Раҷабзода мояи ифтихори волидайн гардида, ба ў дуои нек дода, орзу доранд, ки баъди адои хизмати ҳарбӣ фарзанди баномусашонро бо тантана истиқбол гиранд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Рӯзномаи «Хатлон»








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






