Директори ширкати «Як таксӣ»: Ҷиҳати ба давлати «сабз» табдил додани Тоҷикистон соли 2023 750 электромобил ворид гардид
ДУШАНБЕ, 29.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «Як таксӣ» дар доираи лоиҳаи «ЭКО Шаҳр аз «Як таксӣ» соли 2023 зиёда аз 750 электромобилро вориди мамлакат намудааст. Инчунин ширкат дар оянда нақша дорад, ки бе фоиз ва бе муроҷиат бо бонк автомобилҳоро ба ронандагон иҷора диҳад. Дар ин хусус Директори ширкати «Як такси» (1111) Исматулло Ҳакимов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ба гуфтаи директори ширкат, ҳамзамон дар нақша доранд, ки дар шаҳри Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб нуқтаҳои нерудиҳандаи барқӣ таъсис диҳанд.
Ба гуфтаи директори ширкат, хизматрасонии техникӣ ва нигоҳдории электромобилҳо дар муқоиса бо нақлиёти бо намуди дигари сӯзишворӣ фаъолияткунанда арзиши камтарин талаб намуда, ҳангоми истифода ва ё хизматрасонӣ ба мусофирон дар шаҳр интиқолдиҳии бемамониат, сатҳи пасти садо ва сафари бароҳат муҳайё менамояд.
Ширкат нақша дорад, ки ояндаи наздик дар тамоми қаламрави мамлакат шабакаи нуқтаҳои пуркунии захираи барқ ҷорӣ намояд. Дар ҳудуди корхона нуқтаи якуми барқдиҳӣ гузошта шудааст, ки он метавонад ду мошинро дар як вақт бо неруи барқ таъмин намояд.
Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир таваҷҷуҳи бисёр давлатҳо ба истеҳсолу истифодаи электробусу электромобилҳо зиёд шуда, мамлакатҳои дорои захираҳои бойи нефту газ ба ин навъи нақлиёт мароқ зоҳир менамоянд.
Дар баробари камшавии захираҳои нафт ва болоравии арзиши сӯзишворӣ таваҷҷуҳ ба воситаҳои нақлиёти барқӣ ба маротиб зиёд шудааст.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» изҳор гардид, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли энергияи «сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки бо амалисозии тадбирҳои пешбинишуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар мамлакат пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо энергияи «сабз» таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад.
«Яъне Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи иқтисоди «сабз» соли 2037 воқеан ба давлати «сабз» табдил меёбад» -иброз доштанд Президенти Тоҷикистон.
Ҳамчунин Президенти мамлакат борҳо таъкид намудаанд, ки бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба мамлакат, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод шаванд.
Вобаста ба ин Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тадриҷан муҳайё сохтани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави мамлакат чораҷӯӣ менамояд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, аз ҷониби Вазорати нақлиёт Лоиҳаи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» таҳия гардида, 1 апрели соли 2022 барои баррасию мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор равон гардид.
Тавре Исматулло Ҳакимов иброз медорад, рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе нисбат ба тамоми соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи нақлиёти мусофирбар талаботи нав пеш оварда, имкон медиҳад, ки дар оянда ҷиҳати беҳтар намудани вазъи соҳа ва амалисозии ҳадафҳои стратегӣ дар доираи Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 ва Барномаи давлатии «Шаҳри сабз» тадбирҳои судманд андешида шаванд.