Дохил шудан ба низоми хизмати давлатӣ ва фаъолият дар он барои ҳар хизматчии давлатӣ шараф ва ифтихор аст

Декабрь 1, 2023 16:05

ДУШАНБЕ, 01.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Баъди ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бори аввал дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон 1 декабр Рӯзи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ гузаронида мешавад.

Таҷлили Рӯзи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ гувоҳи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳнати шабонарӯзии хизматчиёни давлатии ин ниҳоди давлатиро қадр менамоянд ва эътимод бар он доранд, ки роҳбарони ҳокимияти давлатӣ сиёсати Ҳукумати мамлакатро дар маҳал татбиқ менамоянд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 чунин таъкид гардидааст: «Ҳар яки мо – роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ дар ин ҷода масъулият дорем ва вазифадорем, ки ба халқи азизи Тоҷикистон софдилонаву содиқона хизмат намоем. Яъне мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезинамудаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем».

Дар робита ба ин имрӯз дар Мақомоти иҷриояи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ доир гардид, ки зимни он иттилоъ дода шуд, ки  ҳоло дар воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси шаҳр, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии деҳоти шаҳри Турсунзода 174 воҳиди корӣ пешбинӣ гардида, 150 нафар хизматчиёни давлатӣ амалан фаъолият менамоянд ва қувваи асосии пешбарандаи сиёсати давлат дар маҳал маҳсуб мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар мамлакат шароити корӣ барои хизматчиёни давлатӣ сол аз сол беҳтар гардида, музди маоши хизматчиёни давлатӣ марҳила ба марҳила зиёд мегардад. Танҳо дар 10 соли охир музди маоши хизматчиёни давлатӣ се маротиба ё баробари 60 % зиёд  шудааст, ки он ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ мусоидат менамояд.

Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода изҳор намуд, ки дохил шудан ба низоми хизмати давлатӣ ва фаъолият дар мақомоти давлатӣ барои ҳар хизматчии давлатӣ шараф ва ифтихор аст. «Зеро халқ бо таваҷҷуҳ ва эътиқоду боварӣ дар симои ҳар корманди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ намояндаи давлатро мебинад ва бо эҳсоси боварӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳаёти рӯзмарраи худ муроҷиат менамояд. Аз ин рӯ, ҳар хизматчии давлатиро мебояд ба ин боварии халқ сазовор бошад ва кумаки беғаразонаи худро дар муҳлати муқарраргардида ба муроҷиаткунанда расонад».

Такид гардид, ки набояд фаромӯш сохт, ки пешрафту дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ва баррасии мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа ба фаъолияти самарабахши хизматчиёни давлатии воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси шаҳр, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии деҳот алоқамандӣ дорад. Танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба иҷрои вазифаҳои хизматиамон муваффақ месозад.

Дар ҳамоиш даъват ба амал оварда шуд, ки хизматчиёни давлатӣ бояд дорои нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ бошанд ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ тавонанд иқдоми аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ намуда, Ватани азизамонро ба давлати ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳанд.

АКС: Мақомоти иҷриояи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Декабрь 1, 2023 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд