Донишҷӯи Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷои ифтихорӣ шуд

Декабрь 4, 2023 17:39

ДУШАНБЕ, 04.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон озмуни XXV байналмилалӣ таҳти унвони «Романсиадаи Қазоқистон» анҷом ёфт, ки дар он сарояндагони мамлакатҳои гуногун иштирок доштанд. Аз ҷумла, Тоҷикистонро дар ин озмун Шерзод Абдуллозода -донишҷӯи бахши чоруми шуъбаи сарояндагии академӣ, синфи профессор Миралӣ Достизода муаррифӣ намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар озмун 64 номзад аз Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон иштирок доштанд ва дар намоишномаҳои довталабон, ки ба забонҳои қазоқӣ ва русӣ романсҳо намоиш доданд, ҳунармандони номдор, намояндагони театру академияҳои гуногун баромад намуданд.

Бо қарори ҳакамон Гран-при насиби Отабек Назиров аз шаҳри  Тошканд гардид. Байни иҷрокунандагони романси қазоқӣ ҷои аввалро Байҷума Ҷулдиз (Алмато) ва Алиш Бибарис (Остона), ҷои дуюмро Ахметов Мухтар ва Аружан Кусайнова (Алмато), ҷои сеюмро Шерзод Абдуллозода (Душанбе) сазовор гардиданд.

Шерзод Абдуллозода зодаи шаҳри Панҷакент буда, баъд аз хатми мактаби санъати шаҳри  Панҷакент ба Коллеҷи санъати Содирхон Ҳофизи шаҳри  Хуҷанд дохил шудааст. Сипас ҳангоми таҳсили соли дуюм дар назди Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳорат ҳунарнамоӣ намуда, бо супориш ва даъвати Сарвари давлат ӯ ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон омада, ҳоло дар бахши чорум таҳсил дорад.

Шерзод Абдуллозода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки «ман дар чор сол ба пешравиҳои зиёде ноил гардида, дар якчанд озмуни байналмилалӣ, ба мисли «Бозиҳои Делфи», «Роза востока», «Во весь голос» ва ғайраҳо иштирок намуда, ғолиб шудам. Аз ҷумла, дар «Бозиҳои Делфи» соҳиби медали нуқра гардидам».

Бояд гуфт, ки озмуни XXV байналмилалии романсҳои «Романсиадаи Қазоқистон» бо дараҷаи баланди иштироккунандагон ва маҳорати касбии ҳакамон баҳогузорӣ шуд.

Ғолибон имкон доранд, ки дар озмуни финалии сарояндаҳои романӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия иштирок намоянд, ки ин барои таблиғи дастовардҳои эҷодии онҳо берун аз минтақа имкони хуб аст.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз Шерзод Абдуллозода

Декабрь 4, 2023 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд