Федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ёддошти тафоҳуми ҳамкориро тамдид намуданд
ДУШАНБЕ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ муҳлати ёддошти тафоҳумро тамдид намуданд. Созишномаро ноиби якуми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо ва ноиби президенти Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ Ламия Баҳаян имзо намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар чаҳорчӯби Ёддошти тафоҳуми имзошуда ноиби президенти Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ Ламия Баҳаян хоҳиши густариши ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистонро намуда, ба дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар комёбиҳо таманно намуд.
Ноиби якуми президенти ФФТ Хуршед Мирзо ба Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ барои истиқболи самимӣ миннатдорӣ баён намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкории минбаъдаи судманд байни ду федератсияи миллӣ идома меёбад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ, ташкил ва баргузории бозиҳои байналмилалии дӯстона байни дастаҳои мардонаю занона, ҷавонон ва футзали ҳарду мамлакат ба мувофиқа расиданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






