ФУТБОЛ. Мусобиқаи 33-юми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 30 март оғоз мешавад

Декабрь 18, 2023 12:03

 ДУШАНБЕ, 18.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он нақшаи мавсими навбатии футбол дар мамлакат тасдиқ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон  мусобиқаҳое, ки соли оянда таҳти сарпарастии Лигаи футболи Тоҷикистон доир мешаванд, баррасӣ ва тасдиқ гардиданд.

Мусобиқаи 33-юми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 30 март оғоз шуда, мисли ду соли охир дар ду марҳила баргузор мешавад. Дар қисми аввал даҳ даста дар ду давра бозӣ менамоянд. Баъдан дастаҳо дар марҳилаи дуюм ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Дар умум, ҳар бошгоҳ дар чемпионат 22 вохӯрӣ мегузаронад.

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2024 байни чемпиони мамлакат– «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи медали нуқраи Лигаи олӣ – «Равшан»-и Кӯлоб 11 май дар варзишгоҳи «ТАЛКО Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи таъмиршудаи шаҳри Турсунзода, ки дар он таҷҳизоти равшанидиҳӣ насб мегардад, гузаронида мешавад. Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон дар мавсими соли 2024 соати 18:00 оғоз мешавад.

Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан, ки онҷо низ нурафканҳо насб мешаванд, макони баргузории бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 тасдиқ шуд.

Маҳдудият барои бозингарони хориҷӣ дар чемпионати Тоҷикистон бетағйир боқӣ мемонад. Соли оянда ҳар як бошгоҳи Лигаи олӣ метавонад то ҳафт бозигари хориҷиро ба ҳайати худ шомил созад, вале то панҷ легионер дар як вақт ба майдон иҷозат дода мешавад.

Мавсими навбатии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум 19 апрел оғоз шуда, дар ду давра баргузор мешавад.

Илова бар ин, дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи ФФТ тасмим гирифта шуд, ки маблағи узвият барои дастаҳои Лигаи олӣ ва якуми Тоҷикистон боло бурда шавад. Акнун барои иштирок дар Лигаи олии мамлакат 80 ҳазор сомонӣ ва дар Лигаи якум 40 ҳазор сомонӣ супорида мешавад. Қаблан маблағи иштирок дар мусобиқоти Лигаи футболи Тоҷикистон 60 ҳазор сомонӣ (Лигаи олӣ) ва 20 ҳазор сомонӣ (Лигаи якум)-ро ташкил медод.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 18, 2023 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад