Хадамоти алоқа доир ба имконияти техникии операторони мобилӣ дар самти густариши ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ машварати илмӣ-тадқиқотӣ доир намуд

Декабрь 23, 2023 11:33

ДУШАНБЕ, 23.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе бо ташаббуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Муаррифии имконияти техникии операторони мобилӣ ҷиҳати истифодаи онҳо дар раванди татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва муассисаҳои дахлдор машварати илмӣ-тадқиқотӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ  «Ховар» дар Хадамоти алоқаи  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар машварат намояндагони ҶДММ «Таком»,  ҶСП «Вавилон- мобайл», ҶСП «Индиго Тоҷикистон», ҶСП «ТТ Мобайл», ҶСК «Тоҷиктелеком» доир ба имконияти техникии операторони мобилӣ ҷиҳати истифодаи онҳо дар раванди татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ»  маълумот доданд.

Ҳадаф аз баргузории машварат табодули афкор ва таҷрибаи бештар дар заминаи густариши табдирҳо дар раванди гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мебошад.

Дар фарҷом иштирокдорони ҷамъомад  дар  мавзуи мавриди назар  табодули афкор намуданд.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 23, 2023 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд